Афозиши омори ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм дар кишвар

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ аз афзоиши омори ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм дар қаламрави кишвар хабар додааст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боло рафтани омори ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм хабар дод.

Дар гузашта мақомот ва маҳофили коршиноси аз ин эҳтимол суҳбат мекарданд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташдид хоҳад ёфт.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, ба хабарнигорон гуфт, экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳоеанд, ки торафт дар ҷаҳони муосир вусъат меёбанд ва мубориза бар зидди он яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура маҳсуб меёбад.

Вай гуфт: “Кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонида, аз ҷониби онҳо дар нимсолаи якум 720 ҷиноятҳои чунин категорияҳо ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд мебошад”.

Прокурори генералӣ дар ин мавриди тафсилоти бештар ироа накард.

Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон аз боздошти аъзои ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар қаламрави кишвар хабар дода буданд. Бино бар гузоришҳои расмӣ дар гузашта аъзои ҳаракатҳои экстреместии “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, созмонҳои терроритии ҷамоати “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Узбекитстон”, “ал-Қоида”, “ДИИШ” ва ғайра аз сӯи мақмоти Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.

Тоҷикистон ҳудуди 1400 километр бо Афғонистон марзи мушатарак дорад. 15 августи соли 2021 ҳаракати толибон дар Афғонистон ба қудрат расид.

Бино ба гузоришҳо пас аз ба қудрат расидани толибон фаъолиятҳои созмонҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар ташдид ёфтааст.

Моҳи гузашта Серей Шойгу, вазири дифоъи Русия, низ аз ташдиди фаъолиятҳои созмонҳои террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, дар шаҳри Маскав барои аввалин бор вазирони дифоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон бо иттифоқи Русия дар чунин чаҳорчӯб як ҷаласаи хос гирифта буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад