Ҷаримаи беш аз 400 нафар барои нақзи Қонуни танзим

Раиси Суди Олии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маблағи ҷаримаҳо барои нақзи Қонуни танзим ва тарбияи кӯдакон беш аз се миллион сомониро ташкил додааст.

Раиси Суди Олии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маблағи ҷаримаҳо барои нақзи Қонуни танзим ва тарбияи кӯдакон беш аз се миллион сомониро ташкил додааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон дар додгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 400 парвандаи нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” баррасӣ шуданд.

Тавре ӯ ба хабарнигорон изҳор дошт, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ аз ҷониби додгоҳҳо 416 чунин парванда баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи раиси Суди олӣ, дар ин маврид нисбати 407 нафар шаҳрванди кишвар ба маблағи умумии 1 миллиону 868,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, ҳамчунин қайд кард, ки ба догоҳҳои кишвар барои нақзи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 10 ҳазору 191 парванда равона шудааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт: “Се ҳазору 530 нафароне, ки қонунро нақз кардаанд бо огоҳӣ озод шуда, 5 ҳазору 693 нафар ба маблағи умумии 1 миллиону 44,7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд”.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шуд

Вакилони парлумони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки афзоиши ҳаҷми ҷарима барои нақзи Қонуни танзимро пешбинӣ мекунад.

Тибқи тағйироти нав, ҳамакнун ҷарима барои риоя накардани ин қонун дар ҳаҷми 10 нишондод зиёд шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми як нишондод барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад.

Масалан, як нафар агар барои таҷлили зодруз берун аз хонавода то ин дам 6 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуд, пас бар асоси тағйироти нав ӯро 6 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад