Истеъфои раисҷумҳурии фирории Шри-Ланка

Раисиҷумҳури Шри-Ланка аризаи истеъфои худро тавассути почтаи электронӣ фиристодааст. Ӯ 13 июл дар паи тазоҳурот кишварро тарк кард.

Раисиҷумҳури Шри-Ланка аризаи истеъфои худро тавассути почтаи электронӣ фиристодааст. Ӯ 13 июл дар паи тазоҳурот кишварро тарк кард.

РИА “Новости” бо такя ба расонаҳо хабар додааст, ки Готабая Раҷапакса, раисиҷумҳури Шри-Ланка бо почтаи электронии раиси порлумони ин кишвар истеъфои худро фиристод.

Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд.

Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст.

Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард.

Эътирозҳо рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он дубора авҷ гирифт, ки бар хилофи интизориҳои мухолифин, раисиҷумҳур истеъфои ваъдашударо ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ мардум тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққатӣ таъин кард.

Дар изҳороти Reuters омадааст: “Президенти Шри-Ланка Готабая Раҷапакса ба унвони раиси порлумон номаи истеъфо фиристод”.

Ба гуфтаи манбаъ дар дафтари матбуот, талош доранд, то дурустии ин изҳоротро мушаххас кунанд.

Дар ин росто, бо Прокурори генералӣ машваратҳо гузаронида мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад