Терори Шинзо Абэ поёни тинои Ҷопон

Шинзо Абэ нахуствазири собиқи Ҷопон субҳи рузи ҷумъа дар ҷараёни як суи қасд ҷон бохт.

Тирандози ба Шинзо Абэ нахуствазири Ҷопон замони анҷом шуд, ки вай дар як корзори интихоботи дар шаҳри Норо машғули суханронии таблиғоти барои мардум буд.

Дақоиқи баъд аз ин ҳодиса полиси Ҷопон “Тесуё Ёмогомӣ-Tetsuya Yamagami” омили тирандози ба Шинзо Абэро, ки фарди 41 сола ва узви собиқи нерӯи дарёӣ Ҷопон аст боздошт кард.

Кушта шудани нахуствазири собиқи Ҷопон танҳо ду рӯз монда ба баргузории интихоботи маҷлиси ин кишвар рӯзи якшанбе шояд битавонад фазои хосе бар ин давра аз интихобот ҳоким кунад ба хусус он ки бар асоси назарсанҷиҳо пешбини мешавад, ки ҳизби Шиноз Абэ либерол демакрат дар интихоботи пеши ру пирӯзии қотеъ ба даст оварад, ки ин муваффақият метавонад ба баҳси тағири қонуни асосии Ҷопон шитоби бештари диҳад.

Абэ, ки дорои рекорди тулонитарин нахуствазирии дар Ҷопон буд дар соли 2020 ба хотири бемори аз симати худ канорагири кард. Вай барои ҳашт сол аз 2012 то 2020 симати нахуствазириро уҳдадор буд.

Нахуствазири собиқи Ҷопон пас аз канор рафтан аз қудрат тамаркузи худро бар фаъолиятҳои сиёсии дар ҳизби либерол демакрат қарор дода буд ва дар рӯзҳои ахир талош кард дар фурсати таблиғоти интихоботи дар ин давра бо суханронӣ дар шаҳрҳои мухталифи Ҷопон мавқеъияти ҳизби матбуъашро дар байни марудм тақвият кунад.

Марги Шензо Абэ дар як суи қасд дар ҷараёни як суханронии интихоботи, ки ба суръат дар расонаҳои ҷаҳон мунташир шуд барои бисрёи аз мардум дар кишварҳои мухталиф таъамулбарангез ва сахт бовар буд.

Ҷопон илова бар он ки қонунҳои бисёр сахтгиронае дар хусуси ҳамли силоҳ дорад ва мардум ҳатто дар сурати дарёфти муҷавиз танҳо метавонанд аз туфанггҳои боди ва чосма истифода кунанад аз маъдуд кишварҳое аст, ки камтарин иқдомоти мусалаҳонаи созмонёфта ё ғайри созмонёфта дар он ба вуқуъ пайваста аст.

Ба таври мисол дар соли 2014 танҳо 6 марги ноши аз аслиҳа дар Ҷопон рух дод, ки ин омор дар муқоиса бо 32 ҳазору 599 маврид дар Амрико тафовути маънодориро нишон медиҳад.

Интихоботи пешируи парлумон дар Ҷопон дар ҳоли баргузор хоҳад шуд, ки Шинзо Абэ раҳбари ҳизби либерол демакрат танҳо ду рӯз монда ба замони баргузории интихобот чашм аз ҷаҳон фуру баста аст ва шояд ин ҳодисаи маргбору талх заминае бошад, ки ҳам ҳизбиҳои вай иродаи бештари барои пайгирии барномаҳои Абе дар арсаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бакор гиранд, ки метавонад мероси сиёсӣ ва иқтисодии вай низ талқи шавад.

Юки Тосумӣ, мудири маркази ҷопонӣ Эстимсун дар Вашенгтон мегуяд интихоби Суго пас аз канорагирии Абэ дар соли 2020 тазмини аст бар тадовуми тамоми ибтикороти сиёсӣ, ки Шезо оғоз кард.

Абэ барномаҳои густардае барои ислоҳоти иқтисоди дар Ҷопон дошт ба гунае, ки ин барнома ба далели абъоди васеъи он дар Ҷопон Абэ Нумик номида шуда аст.

Абэ ҳамчунин дар арсаи сиёсати хориҷӣ аз мудофеъони сарсахти бознигари дар қонуни асосии Ҷопон барои нақшофаринии бештар дар таъомулоти амниятии байналмиллалӣ буд, ки бин бар шароити дохилӣ ва хориҷии Ҷопон пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум навишта шуд.

Абэ талош кард асли 9 қонуни асосии Ҷопон барои ҳамеша аз ҷанг ба унвони ҳақи ҳокимиятии миллат ва таҳдид ё истифода аз зуд ба унвони василае барои ҳаллу фасли ихтилофоти байналмиллалӣ чашмпуши мекунадро тағир дидаҳд, ки албата ҳануз иттифоқи науфтода аст.

Абэ, ки тулонитарин давраи нахуствазирии дар Ҷопонро дар корномаи худ баҷо гузошт фарди маҳмбуб дар байни мардум ва ба хусус ҳаводорони ҳизби либерол демакрат буд ба ҳамин далел Абэ дар забони ҷопонӣ Тино маъруф шуд, ки ба маънои бедуни гузинаи ҷонишин аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад