Тақвияти тадобири ҷилавгирӣ аз паҳншавии корона дар кишвар

Вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоӣ кишвар аз тақвияти иқдомот ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюъ ва паҳншавии вируси ҳамагири корона дар кишвар хабар дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Наврӯз Ҷумъаев”, раиси бахши эминии беҳдоштӣ ва апедемиулогияи вазорати беҳдошти кишвар аз ташдиди иқдомоти марбут ба ҷилавгирӣ аз шуюъи вируси корона дар  кишвар хабар дод.

Бинобар суханони вай, дар фурудгоҳҳо ва постҳои бозрсӣ замини дараҷабандии мусофирон санҷида ва гувоҳии ваксинаи онон баррасӣ мешавад. Таҳти риёсати вазорати беҳдошти кишвар ҳамчунин маркази зидди буҳрони пешгирӣ аз нуфузи вируси ҳамагир фаъол шуда аст.

Вай афзуд: барои ҷилавгирӣ аз нуфузи эҳтимолии вируси ҳамагир, иқдомоти лозим дар марз тақвият ва дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминӣ дараҷабандии мусофирон санҷида ва гувоҳии ваксинаи онҳо баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи вай, ба вижа шаҳрвандоне, ки аз Қазоқистон ва Узбакистон ва ҳамчунин аз Амороти Муттаҳидаи арабӣ ва Туркия ба ин кишвар ворид мешаванд, баррасии ин маворид илзомӣ аст.

Бинобар суханони ин мақоми вазорати беҳдошти кишвар, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ маҳдудияте барои вуруди афрод ба кишвар эъмол нашуда аст.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард дар ҳоли ҳозир ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар хоки кишвар сабт нашуда аст.

Бинобар гузориши вазорати беҳдошти кишвар то субҳи 7 июл имсол дар саросари Тоҷикистон 5 миллион ва 264 ҳазор ва 870 нафар, ки 94.1 дарсад аз кулли ҷамъияти болои синнии 18  кишварро ташкил медиҳанд, ваксина шуданд. Аз ин миён 5 миллион ва 161 ҳазор 295 ду доза воксан ва 175 ҳазор 138 тани дигар севумин доза воксинаро дарёфт кардаанд.

Аввалин мавриди бемории корона дар кишвар дар таърихи 30 апрел соли 2020 мелодӣ шиносоӣ ва расман таъйид шуд. Маросими ваксиносиюни афроди 18 ба боло дар  кишвар бо воксанҳои «Корновок», «Астаризнка», «Мадерна», «Файзер» ва «Спутник В» дар таърихи 3 июли соли 2021 мелодӣ оғоз шуда аст.

Ташдиди иқдомоти ҷилавгирӣ аз шуюъи вирси ҳамагир дар марзи кишвар бо таваҷҷӯҳ ба гузоришҳои мақомоти Қазоқистон ва Қирғизистон дар мавриди ташдиди вазъияти карантина ва афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин кишварҳо сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад