Афзоиши содироти Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя

Тоҷикистон рушди тиҷоратро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад. Содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон афзоиш ёфта, воридот нисбатан коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон рушди тиҷоратро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад.

Содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон афзоиш ёфта, воридот нисбатан коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми содирот ба Қазоқистонро афзоиш додааст. Дар ин муддат ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя ба маблағи 245 миллион доллар мол фиристодааст.

Ба гуфтаи намояндагони хадамоти гумруки кишвар, ин рақамҳо нисбат ба соли гузашта 51% бештар аст. Аз моҳи январ то июни соли 2021 Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 161,6 миллион доллар коло фиристодааст.

Маълум аст, ки дар соли 2022 аз ҷумҳурӣ маъдан, консентратҳои мис, сурб ва руҳ содирот мешавад. Арзиши умумии онҳо 216,8 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коҳиши воридот ба Тоҷикистон аз Қазоқистон мушоҳида мешавад. Аз моҳи январ то июни соли 2022 ба кишвар ба маблағи 397 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 0,4% камтар аст.

Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни ҷумҳуриҳо дар ин давра 14,5 фоиз афзоиш ёфта, 642,2 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле ки аз моҳи январ то июни соли 2021 дар сатҳи 560,4 миллион доллар буд.

Қаблан консули генералии Тоҷикистон Равшан Бобохонзода ва раиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов дар бораи таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба мувофиқа расида буданд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми муомилоти мутақобилаи вилоят бо ҷумҳурии ҳамсоя дар 5 моҳи соли 2022 6,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 76,5 фоиз зиёд мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Масъулони Идораи савдо ва тиҷорат дар вилояти Суғд дар бораи афзоиши содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия хабар медиҳанд.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия беш аз 50% афзудааст.

Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини сардори Идораи савдо ва саноат дар вилояти Суғд гуфт.

Ӯ, ин нуктаро зимни баргузории Форуми байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2022” дар шаҳри Хуҷанд баён намуд.

“То имрӯз аз вилояти Суғд қариб 30 ҳазор тонна пиёз, 25 ҳазор тонна зардолу, инчунин гелос ва дигар намуд маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба Русия содирот шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли пеш 50% зиёд аст” – гуфт, масъули Идораи савдо ва саноати Суғд.

Қобилзода таъкид кард, ки ҳоло таваҷҷуҳи соҳибкорони Русия ба хариддори молу маҳсулоти кишоварзони суғдӣ бештар шудааст.

Ӯ ин равандро падидаи хуб барои рушди иқтисодии деҳқонону кишоварзон маънидод кард.

“Имрӯз худи соҳибкорони Русия омада аз навоҳии Суғд аз ҷумла аз Ашт, Исфара, Конибодом ва Истаравшан маҳсулотро аз сари замин аз деҳқон хариддорӣ карда истодаанд” – афзуд, Қобилзода.

Бино ба гуфти муовини сардори Идораи савдо ҳоло ҷиҳати содироти меваи хушк бастани шартномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, наздики 70 субъекти Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.

Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол бахшҳои гуногунро фаро мегирад.

лоъ дод, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт дошт, ки нисбати нишондоди соли пешин 100 млн бештар аст.

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки тамоми талошашро анҷом хоҳад дод, то додугирифти мол миёни кишварҳо афзоиш ёбад, чун ин рисолаташ мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад