Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон террорӣ Шинзо Обе-ро маҳкум кард

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон сӯи қасд,ки мунҷар ба кӯшта шудани нахуствазири собиқи Ҷопон шударо маҳкум кард.

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон сӯи қасд,ки мунҷар ба кӯшта шудани нахуствазири собиқи Ҷопон шударо маҳкум кард.

Ба гузориши манбаъ : 

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме ба Фумию Кишидо нахуствазири Ҷопон террори Шинзо Обе-ро маҳкум ва даргузашти ӯро ба миллат ва давлати Ҷопон таслият гуфт. Дар ин паём  омадааст: Хабари террор ва кӯшта шудани Нахуствазири собиқи Ҷопон, оқои Шинзо Обе, манро нороҳат кард Тоҷикистон ин террорро ба шиддат маҳкум мекунад.” Раҳмон афзӯд: Он марҳум бо фаъолияти халоқонаи худ ба унвони як мақоми сиёсӣ ва кишварӣ шуҳрати болое дар арсаи байналмиллалӣ касб кард.

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон афзӯд: Обе дар таҳким ва густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон саҳми шоистае доштааст ва бо талошҳои мустамари худ бо номи нек дар ёди мо боқӣ хоҳад монд.

Раис Ҷумҳӯри Тоҷикистон гуфт: Дидорҳо ва тамосҳои худ бо нахуствазири собиқи Ҷопонро ёд дорам ва барои шахсияти ӯ эҳтироми зиёд қоил ҳастам. Раҳмон аз тарафи худ ва мардуми Тоҷикистон маротиби ҳамдардии амиқ ва таслияти самимонаи худро ба раҳбарӣ ва мардуми Ҷопон иброз кард. Обе  пеш аз зуҳри 8-уми июл дар шаҳри Норо ҳангоми суханронии интихоботии худ мавриди исобати гулӯла қарор гирифт ва дар бемористон ҷон бохт.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Расонаҳои Ҷопон хабар додаанд, ки Шинзо Абе, нахуствазири собиқи ин кишвар дар асари исобати гулӯла ҷон додааст.

Нахуствазири собиқи Ҷопон, ки қаблтар дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд, дар бемористони шаҳри Кошиҳоро бар асари ҷарроҳоти ба сабаби исобати гулӯла ҷони худро аз даст дод.

Нахуствазири собиқи Ҷопон, ки дар як таҷаммӯъи интихоботӣ дар устони Норо дар ғарби Ҷопон суханронӣ мекард, ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва ба бемористон мунтақил шуда буд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, неруҳои амниятӣ омили тирандозиро дастгир кардаанд. Расонаҳои ҷопонӣ гузориш додаанд, ки омили сӯиқасд ба нахуствазир, як маъмури собиқи неруҳои дифоии дарёии ин кишвар будааст.

Бо ин ҳол гузоришҳои хабарӣ ба нақл аз вазорати корҳои дохилаи Ҷопон ҳокӣ аст, ки барномае барои ба таъхир андохтани замони баргузории маҷлиси Синои ин кишвар вуҷуд надорад.

Ин интихобот қарор аст рӯзи якшанбе баргузор шавад. Шинзо Абе ду соли пеш ба далели ранҷ бурдан аз як бемории хатарноки рӯда, ки ӯро солҳо даргир худ карда буд, ба истеъфо рафт.

Абе замоне, ки дар соли 2006 барои нахустин бор қудратро дар Ҷопон ба даст гирифт 52 сола буд. Ӯ ҷавонтарин нахуствазире буд, ки дар давраҳои пас аз ҷанг қудратро дар ихтиёр гирифт.

Ӯ рекорди тӯлонитарин нахуствазири Ҷопонро ба номи худ сабт кардааст ва тақрибан ҳашт сол дар ин мансба будааст. Ӯ пеш аз ин низ аз соли 2006 то 2007 нахуствазири Ҷопон будааст.

Агарчи Шинзо Абе нақши пурранг дар тақвияти Ҷопон дар саҳнаи ҷаҳонӣ дошт, аммо ҳизби ӯ гирифтори расвоӣ шуда буд. Аз тарафи дигар вай муттаҳам шуда буд, ки вокуниши муносибе ба ҳамагирии беомрии Коронавирус аз худ нишон надода ва ин мушкилро дуруст мудирият накардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад