Пурзӯр кардани назорат дар марзҳои кишвар – Оё коронавирус бозгаштааст?

Мақомот дар бахши Вазорати тандурустӣ аз пурзӯр кардани марзҳои кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус хабар додаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ хабар додаст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус назоратро  дар марзҳои кишвар пурзӯр кардааст. Дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминӣ реқаи ҳароратсанҷӣ (термометрия) ва санҷиши мавҷудияти шаҳодатномаҳои эмкунӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар назди вазорат аз нав Маркази зиддибӯҳронии иттилоотӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ташкил шудааст.

Ҷаъфаров иброз намуд: «Бо мақсади пешгирии воридшавии эҳтимолии сирояти коронавирус дар марзҳо – дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои заминӣ тадбирҳо пурзӯр карда шуданд, ҳамаи онҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд,  ҳароратсанҷӣ  карда, шаҳодатномаи эмгузаронии онҳо санҷида мешавад».

Ба гуфтаи  вай, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандони аз Қазоқистону Узбекистон ва ҳамчунин аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия воридшуда дахл дорад. Вале ӯ таъкид кард, ки «ҳеҷ гуна маҳдудият барои воридшавӣ ба кишвар ҷорӣ нашудааст».

Тибқи иттилои  Наврӯз Ҷаъфаров, айни замон дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Охирин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон расман дар миёнаи моҳи феврали соли ҷорӣ сабт шуда буд.

Ҷаъфаров гуфт: «Бо мақсади пешгирии воридшавии эҳтимолии сирояти коронавирус дар марзҳо – дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои заминӣ тадбирҳо пурзӯр карда шуданд, ҳамаи онҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд,  ҳароратсанҷӣ  карда, шаҳодатномаи эмгузаронии онҳо санҷида мешавад».

Ба гуфтаи вай, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандони аз Қазоқистону Узбекистон ва ҳамчунин аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия воридшуда дахл дорад.

Ӯ илова кард: «Ҳеҷ гуна маҳдудият барои воридшавӣ ба кишвар ҷорӣ нашудааст». Тибқи иттилои  вай, айни замон дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин нафарони мубтало ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 ошкор шуда буданд. Эмкунии ҳатмӣ ва ройгон барои шаҳрвандони аз 18-сола боло аз 3 июли соли 2021 оғоз гардид.  Ба шаҳрвандон панҷ намуди ваксина гузаронида мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.

То субҳи 7 июли соли 2022 тибқи нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 миллиону 264 ҳазору 870 нафар шаҳрвандони кишвар (94,1%) зидди бемории COVID-19 эм карда шуданд. Ҳамчунин то имрӯз 5 миллиону 161 ҳазору 295 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  (92,2%) вояи дуюми ваксина гирифтаанд. Ба 175 ҳазору 138 нафар шаҳрвандон (74,6%)   вояи сеюм гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар бораи хуруҷи нави сироят Ситоди ҷумҳуриявӣ 21 июни соли 2021 дарак  дод ва аз ҳамон рӯз то 29 августи соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳар рӯз дар бораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ хабар  мерасонид. Аз 29 августи соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави сироятёбӣ танҳо 15 октябр ва чанд рӯзи моҳи ноябр ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ 11 нафар гирифторони ин беморӣ ошкор  гардиданд. 21 январи соли 2022 ҳолатҳои нави сироят қайд гардиданд, дар он вақт 23 ҳолати нав муайян карда шуд. Бори охир 18 феврали соли равон дар Тоҷикистон се  ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда буданд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба  пешгирии воридшавии коронавирус аз 7 марти соли 2022 реҷаи ҳатмии ниқоб ва  маҳдудият дар гузаронидани тӯю маъракаҳо лағв гардиданд. Дар баробари ин, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки «тадбирҳои пешгирикунанда ва зидди эпидемияро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус то ҳол  аз байн нарафтааст.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ оид ба пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи телефони 511 фаъолият мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад