Ҳаракати ҳоҷиёни Маккатуллоҳ ба суи саҳрои Арафот

Ҳудуди як миллион мусалмон субҳи имрӯз аз Маккаи Макаррама ба суи саҳрои Арафот ҳаракат карданд.

Бар асоси гузориши расонаҳои Арабистон, ҳоҷиёни Байтуллоҳил-ҳаром, суҳби имрӯз (ҷумъа) баробар бо 8-уми зил-ҳиҷҷа ҳаракати худ ба суи саҳрои “Арафот”-ро оғоз карданд.

Бар асоси гузоришҳо, як миллион мусалмон, ки 850 ҳазори онҳо аз хориҷ аз Арабистон ба ин кишвар сафар кардаанд, шабро дар Мино, дар ҳафт километрии Масҷидул-ҳаром дар Маккаи Мукаррама гузаронданд ва субҳи имрӯз ҳаракати худро ба суи кӯҳи Арафот оғоз карданд.

Ҳоҷиёне, ки ба саҳрои Арафот рафтаанд, имрӯзро дар онҷо мегузаронанд ва Қуръони Кариму намоз мехонанд.

Арабистон имсол барои зоирони тоҷик 3 ҳазору 562 квота ҷудо кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад