ЮНЕСКО омодаи кумак ба тақвияти омӯзиш дар Тоҷикистон

ЮНЕСКО омодаи кумак ба тавсеаи омӯзиш дар Тоҷикистон аст .

ЮНЕСКО омодаи кумак ба тавсеаи омӯзиш дар Тоҷикистон аст .

Дар ин нишаст масоили марбут ба мушорикати ҳайати Тоҷикистон дар иҷлоси муъорифаи вузарони омӯзишу парвариши кишварҳои ҷаҳон ва тавсеаи бахши омӯзишии Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуд .

Раҳими Саъидзода дар ин гуфтугӯ тавзеҳоте аз ҳимоятҳои мустамари раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар бахши омӯзиш дар солҳои пас аз истиқлол ироа кард.

Вай хотирнишон кард : Вазорати омӯзишу парвариш омодагӣ дорад, то тамоми иқдомоти муфидро барои тавсеаи омузиш анҷом диҳад .

Тамара Расствак Сиавишвили низ дар ин мулоқот баён кард : Ширкат дар ин иҷлос фурсати муносиб барои ошноӣ бо раванди таҳаввули ҳавзаи омӯзиш дар ҷаҳон ва ироаи таҷрибиёти Тоҷикистон дар ин росто аст .

Тамара Расствак Сиавишвили бо ибрози хурсандӣ аз дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки аз ҳамаи ибтикороти Тоҷикистон ҳимоят мекунад ва омодааст то дар тавсеаи омӯзиш дар Тоҷикистон дар ҳар ҷиҳат кумак кунад .

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вазорати маориф ва илм гуфт, ки кадом минтақаи Тоҷикистон ба омӯзгорони мактаб ниёзи ҷиддӣ дорад.

Дар як сол дар Тоҷикистон теъдоди омӯзгорон бештар шудааст, аммо камбуди кадрҳо дар таҳсилоти ибтидоӣ ҳанӯз ҳам тақрибан дар тамоми манотиқи кишвар эҳсос мешавад.

Дар ин бора Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм дар нишасти хабарии солонаи ҳисоботияш хабар дод.

Вазир гуфт :

“Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст”.

Сарфи назар аз беҳбуди вазъ дар масъалаи кадрҳо, ба гуфтаи ин ниҳод, норасоии шадиди кадрҳои омӯзгорӣ аз рӯи минтақаҳо дар соли таҳсили 2021-2022 ҳамчунон ба назар мерасад:

навоҳии тобеи марказ — 765;

вилояти Суғд – 708;

вилояти Хатлон – 440;

Душанбе — 194;

ВМКБ — 59.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, танҳо соли қаблӣ омӯзгорон дар саросари Тоҷикистон аттестатсия шуда буданд. Дар он зиёда аз 29,8 хазор нафар аз муаллимон иштирок доштанд.

Қарор аст, беш аз 500 нафар аз омӯзгорон аз нав аттестатсия гузаранд.

Онҳое, ки аз имтиҳони қобилияти касбӣ нагузаштанд, 14 нафаранд. Ҳамаи онҳо аз кор озод карда шуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ гуфт, тибқи дархостҳо, 4,3 ҳазор донишҷӯ барои кор дар мактабҳо роҳхат гирифтанд. Дар умум қариб 16 ҳазор нафар мактабҳои олии махсусро хатм кардаанд.

Тибқи омори вазорат, танҳо дар соли қаблӣ аз 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бо сабаби фавту беморӣ, 2228 иваз кардани ҷойи зист ва 1031 нафар бинобар нафақа аз ин низом дур шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад