Дархости ДИИШ барои ҳамла ба зиндонҳои Арабистон

Гуруҳи ДИИД хостори ҳамла ба зиндонҳои Арабистони Саудӣ шуд.

ДИИШ дар расонаи расмии худ ба ҳамла ба зиндонҳои Арабистони Саудӣ ба далели шиканҷаи зиндониён даъват кард.

Дар баёнияи ДИИШ омадааст: мусалмонон дар сарзмини Ҳарамайни Шарифайн (Макка ва Мадина) бояд бидонанд, ки бародаронашон дар зиндонҳои Оли Салул мунтазири кӯмаки онҳо ҳастанд то онҳоро аз азоби асорат раҳо кунанд.

ДИИШ дар ин ёддошти худ ба мутуни динии мухталифе, ки ба ҷанг барои озод кардани зиндониён ташвиқ мекунад истинод кардааст.

Ин аввалин боре нест, ки ДИИШ ба ҳамла ба зиндонҳои Арабистон даъват мекунад ва пеш аз ин ҳам Абубакр Ал-бағдодӣ, роҳбари собиқи ин гуруҳ хостори чунин иқдоме шуда буд.

Ба эътирофи мақомоти амрикоӣ, ДИИШ-ро Амрико бо кӯмаки молии Арабистони Саудӣ ба вуҷуд овардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад