Юнон девори марзӣ бо Туркияро се баробар афзоиш медиҳад

Вазири муҳоҷират ва паноҳандагии Юнон бо ишора ба буҳронсозии Туркия аз паноҳҷӯён, эълом кард, ки тӯли девори марзи бо ин кишварро афзоиш хоҳанд дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, рӯзномаи “Замон”, дар гузорише хабар дод, ки девори сохта шуда тавассути Юнон дар марзи бо Туркия 13 киламетр аст ва ин кишвар аз соли гузашта токунун барои ҷилавгири аз мавҷи муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ, дар имтидоди марзи ноҳамвор бо Туркия иқдомоти ҳифозатии худро афзоиш дода аст.

Тибқи гузориши пойгоҳи хабарии “Расия Алявм”, “Нотис Митарачи”, вазири муҳоҷират ва паноҳандагии Юнон дар ин бора гуфт: «Туркия ба вузӯҳ талош мекунад то аз муҳоҷирон барои эҷоди буҳрон бо Юнон истифода кунад; Арқом ва аъдод чунин амреро нишон медиҳад».

Вазири муҳоҷират ва паноҳандагии Юнон афзуд: «тайи буҳрони паноҳандагон дар соли 2015, як миллион овораи сурӣ ба кишвар омаданд, аммо баъдҳо ин мизон бисёр коҳиш ёфт. Дарҳоли ҳозр тахмин зада мешавад, ки рӯзона 1000 муҳоҷир ба таври ғайриқонуни аз марз убур кунанд. Имсол мизони муҳоҷиратҳо то 20 дарсад афзоиш ёфта аст».

Нотис Митарачи, дар бораи афзоиши иқдомоти ҳифозати дар марзҳо гуфт: «садҳо маъмури гашти марзи дар имтидоди марзи [дарёи] Орус мустақар шудаанд то раванди гашт заниҳо дар ҳафтаҳои ахирро ташдид кунанд. Аммо Юнон замонро барои пешбурди барномаҳои худ бо ҳадафи афзудани 80 километр сими хордор ва фӯлод ба девори 40 киламетрии мавҷуд талаф нахоҳад кард; Барномаҳое, ки ба далели тарс аз як мавҷи бузургтари ноши аз муҳоҷиратҳо дар назар гирифта шудаанд».

Пеш аз ин низ, хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”, ба нақл аз вазири умури муҳоҷирати Туркия эълом карда буд, ки девори фӯлодии Юнон бо Туркия аз 40 ба 120 километр густариш хоҳад ёфт. Ӯ гуфта буд, ки ин тасмими давлат барои тавсеаи бештари девори марзӣ аст ва онҳо аз Аврупо барои ин тарҳ дархости кумаки моли кардаанд.

Ин изҳорот дар ҳоле аз сӯи мақомоти Юнон матраҳ мешавад, ки расонаҳо эълом мекунанд давлати Афина, алорағми ташдиди иқдомоти низомии худ дар имтидоди дарёи Орус дар марзи бо Туркия, муҳоҷирон ҳамчунон аз ин минтақаи мамнуъа убур мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад