Ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар кишвар

Мардуми Тоҷикистон бисту панҷумин солгарди имзои тавофуқномаи сулҳ ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Паймони оштирро ҷашн гирифтанд.

Бисту панҷумин солгарди имзои тавофуқномаи сулҳ ва Рӯзи ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни табрики мардуми кишвар ба муносибати ин рӯз, муҳимтарин омили дастёбӣ ба сулҳ ва оромиш, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро натиҷаи майл ва ирода, саъй ва талош, таҳаммулгароӣ ва хиради ҳамешагии миллати мутамаддин ва фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури халлоқ ва рӯҳияи шикастнопазири мардуми Тоҷикистон унвон кард.

Бинобар суханони Раҳмон, имрӯза мардуми ба хубӣ дарк карданд, ки зиндагии мусоламатомези ҳар хонавода, таҳаққуқ ниятҳо ва рӯъёҳои ҳар шаҳрванд, саодати меҳан ва пешрафти кишвар танҳо дар сурате имконпазир аст, ки сулҳ ва суботи пойдор вуҷуд дошта бошад.

Вай гуфт: ҳамчунин анҷоми фароизи динӣ, ки бахши муҳиме аз зиндагии мардуми мусулмони мо ба ҳисоб мераванд, танҳо дар шароити таъмини амният, сулҳ ва оромиш ва суботи сиёсӣ муҳаққақ мешавад.

27 июни соли 1997 дар шаҳр Маскав раисҷумҳур ва раҳбари иттиҳоди мухолифони тоҷик тавофуқномаи сулҳро ба имзо расонданд, ки мунҷар ба хотимаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд, ки аз соли 1992 то 1997 идома ва ҳудуди 150 ҳазор кушта ва як миллион овораро ба думбол дошт.

Маросими аслии ҷашну таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва шаҳрдорӣ дар маҷмаи “Наврӯзгоҳ” анҷом шуд. Ҳунармандони зиёд барномаи фароғатии фарҳангӣ-оммавӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намуданд

Ҳамчунин дар майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. Бо қарори шаҳрдорӣ бахшида ба ин сана дар тамоми чаҳор ноҳияи Душанбе чорабиниҳои идона сурат гирифтанд. Дар макони ҷашнгирии ин ид аксар духтарон либоси миллӣ ба бар намуданд, ки фазои идонаро боз рангинтар намуд.

Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд, ки шарҳи ҳоли ин рӯйдодро дар инҷо метавонед бихонед.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад