Русия ҳашт дипломати Юнониро ихроҷ кард

Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе ҳашт дипломати русро унсури номатлуб тавсиф карда ва онҳоро аз ин кишвар ихроҷ кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Маскав рӯзи душанбе ҳашт дипломати юнонӣ дар ин кишварро унсури номатлуб тавсиф кард.

Ба гузориши Роша Тудей, вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин сафири Юнон дар Маскавро эҳзор кард ва эътирози Русия ба рафтори хасмонаи Афина ва ирсоли силоҳ ба Украинаро эълом кард.

Пеш аз он низ Русия рӯзи душанбе (27 июн) 43 шаҳрванди Канадаиро таҳрим кард ва онҳоро аз вуруд ба ин кишвар дар вокуниши мутақобил ба таҳримҳои ғарб алайҳи Маскав манъ кард.

Ин феҳрист, ки тавассути вазорати умури хориҷаи Русия мунташир шуд, шомили “Сюзан Кван”, раиси ҳизби либерали ҳокими Канада ва “Марк Карни”, раиси собиқи банки Англис ва банки Канада аст.

Дар моҳи апрел ҳам Маскав 61 мақом ва рӯзноманигори Канадаиро таҳрим кард. Маскав токунун дар вокуниш ба иқдомоти зидди русии ғарб, даҳҳо сиёсатмадор, рӯзноманигор ва шахсиятҳои тиҷорӣ кишварҳои ғарбиро аз вуруд ба Русия манъ карда аст.

Дар идомаи фишорҳои кишварҳои ғарби алайҳи Русия дар робита бо ҷанги Украина, давлати Ҷо Байден таҳримҳои ҷадиде алайҳи Маскав иъмол кард. Дар шароите, ки Олмон мизбони нишасти сарони гурӯҳи ҳафт (g7) аст, Кохи Сафед баёнияе бо мавзӯъи ташдиди фишорҳои Амрико алайҳи Русия дар робита бо Украина мунташир кард.

Тибқи баёнияи Кохи Сафед, ки Амрико таҳримҳои ҷадиде алайҳи беш аз 500 мақоми русӣ дар заминаи маҳдудияти судури раводед эъмол хоҳад кард. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Амрико пеш аз ин беш аз ҳазор шахс ва ниҳоди Русияро ҳадафи таҳримҳои худ қарор дода буд.

Эъломи таҳримҳои ҷадиди Вашингтон алайҳи Маскав бо баргузории нишасти гурӯҳи ҳафт ҳамзамон шудааст. Ин нишаст бо ҳузури сарони Амрико, Англис, Фаронса, Италия, Канада, Олмон ва Япония ва бархе дигар аз сарони кишварҳо ба унвони кишварҳои меҳмон ба мизбонии Олмон дар ҳоли баргузорӣ аст. Пеш аз ин бархе дигар аз сарони кишварҳои гурӯҳи ҳафт шомили нахуствазири Англис ва садриаъзами Олмон бар лузуми тақвияти ҳимоятҳо аз Украина ва ташдиди фишорҳо алайҳи Русия таъкид карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад