Ҳушдори ЮНИСЕФ аз хатар ба ҷони 8 миллион кӯдак аз камғизоӣ

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар гузориши худ эълом кардааст, ки ҷони ҳудуди 8 миллион кӯдаки то синни 5-сола ба иллати ғизои серӣ надидан, дар хатар аст.

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар гузориши худ эълом кардааст, ки ҷони ҳудуди 8 миллион кӯдаки то синни 5-сола ба иллати ғизои серӣ надидан, дар хатар аст.

Бар асоси ин гузориш, бештари ин кӯдакон дар 15 кишвари дунё умр ба сар мебаранд, ки аз таъсири хӯроки серӣ нахӯрдан  ва камбуди таҷҳизоти тиббӣ  осеби ҷиддӣ дидаанд. Дар қатори  кишварҳои бӯҳронӣ Афғонистон, Эфиопия, Ҳаитӣ ва Яман низ шомиланд.

Камғизоӣ боиси заиф шудани масъуният мегардад, ки ин ҳол  хатари марги кӯдакони синни то 5-соларо нисбат ба кӯдакони серғизо 11 маротиба меафзояд. Тибқи гузориш, аз аввали соли 2022 илова бар шумори қаблӣ 260 000 кӯдак аз норасоии ғизо азият мекашанд.

Бар асари низоъ дар Укроин ва идомаи тағйирёбии бошиддати иқлим, хушксолӣ, ё селборонҳои ҳалокатовар дар бархе аз манотиқи ҷаҳон нархи маводи ғизоӣ босуръат боло рафтааст. Гузоришгарон  мегӯянд, ки идомаи таъсири  иқтисодии COVID-19 низ ба камғизоии кӯдакон боис мешавад.

ЮНИСЕФ гуфт, ки барои муқобила ба бӯҳрони қарибулвуқӯъ ба як баста  кумаки 1,2 миллиард долларӣ аз ҷомеаи байналмиллалӣ ниёз ҳаст.

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт: “Роҳбарони ҷаҳон, ки дар нишасти G7 дар Олмон гирди ҳам  омадаанд, як равзанаи хурди имконот доранд, ки барои наҷоти ҷони ин кӯдакон иқдом кунанд. Фурсатро зоеъ гузаронидан лозим нест. Мунтазири сар задани гуруснагӣ будан, ин интизори марги кӯдакон будан аст ”.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, Афғонистон дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор дорад ва кумакҳои Созмони Миллал натавонист пеши роҳи фарқрро дар ин кишвар бигирад.

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард Афғонистон дар вазъияти бади иқтисоди қарор дорад ва кумакҳои СММ натавонист пеши роҳи фарқу гуруснагиро дар ин кишвар бигирад.

Ин нищоди молии байналмилаль дар гизориши тозаи худ мавсум ба дурнамоӣ иқтисодии ҷаҳон бо ишора ба коҳиши даромади саронаи шаҳрвандони Афғонистон афзуд, ки вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ин кишвар бо вуҷуди кумакҳо ва пуштибонии ҷаҳонӣ бад аст.

Гузоришгарони БҶ гуфтаанд, ки иқтисод дар ин кишвар фурупошид, иштиғолзоӣ ва воридоти ғизо ва энергетика коҳиш ёфта, эҳтимоли ҳазинаҳои ҳукумати аз августи соли 2021 се то чор баробар коҳиш ёфта аст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳаводиси сиёсии ҷаҳонӣ ба вазъи сокинони ин кишвар ва расонидани кумакҳои башарӣ таъсир расонидааст.

Афғонистон дар гузориши нави БҶ дар аввали феҳрести кишварҳои воридоти қарор дорад.

Ахиран Алви Филион, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишта буд, амиқтар шудани буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон миллионҳо нафарро ба фақр рӯ ба рӯ месозад.

Филион бо нашри тасвире аз фурӯши аҷноси манзил дар Кобул гуфтааст, ки “мардум то ҳол талош доранд, бо фурӯши ашёи рӯзгор барои хонаводаҳои худ як луқма нон пайдо кунанд.”

Ёдрас менамоем, ки пештар муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта буд, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.

Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи Наҷоти Кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.

Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.

Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари ин кишвар афзоиш ёфтааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад