Хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр бо мусодираи пули Афғонистон мухолифат карданд

Ин дархост дар ҳоле матраҳ шудааст, ки бо дастури президенти Амрико қарор аст, ки бахше аз дороиҳои Афғонистонро ба унвони хисорат ба хонаводаҳои қурбниёни ҳамалоти 11 сентябр дода шавад.

Шуморе аз хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр дар мухолифат бо тасмими Ҷо Байден барои мусодираи бахше аз пулҳои масдуд шудаи Бонки марказии Афғонистон ба нафъи ин хонаводаҳо, озодии пули мардуми Афғонистонро аз давлати Амрико хостор шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ба бовари хонаводаҳои қурбониён, ихтисоси пулҳои мардуми Афғонистон ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11-уми сентябр роҳи муносибе барои адолатхоҳӣ ба шумор намеравад.

Пештар президенти Амрико дастури масдуд шудани 7 миллиард доллар аз дороиҳои Афғонистонро содир карда буд, ки ин дороиҳои масдуд шуда миёни қурбониёни ҳамалоти 11-уми сентябр ва кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон интиқол ёбад.

Чанде пеш Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ дар нишасти дархости кумаки молӣ ба Афғонистон эълон кард, ки 95 дарсад аз мардуми Афғонистон аз камбуди маводи ғизоӣ ранҷ мекашанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад