Душмани асосии мардуми Украина, ИМА аст

Раисҷумҳури Чечен дар суханоне таъкид кард, ки душмани асосии Украина Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст ва ин масъааро сиёсатмадорони Амрико ҳам таъйид мекунанд.

Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чечен гуфт: Душман асосии Украина Амрико аст ва ҳатто худи сиёсатмадорони ин кишвар ҳам ин ҳақиқатро таъйид мекунанд.

Вай афзуд: Ман аз ҳамон ибтидо гуфтам, ки душмани аслии мардуми Украина, Русия нест, балки Амрико аст. Акнун ҳатто худи сиёсатмадорони амрикоӣ низ назари манро таъйид мекунанд. Вақти он расидааст, ки украиниҳое, ки ба роҳи марг идома медиҳанд бифаҳманд ҳамаи инҳо ба хотири манофеи жеополитики Амрико аст.”

Қодиров ҳамчунин аз озодсозии 800 ғайринизомие, ки тавассути неруҳои мусаллаҳи украинӣ дар корхонаи Азов ба унвони сипари инсонӣ истифода мешуданд хабар дод.

Вай дар паёме дар канали телеграмии худ навишт: Ба чеҳраи хаста ва шоди ин ғайринизомиён нигоҳ кунед! бидуни иғроқ метавон гуфт, ки онҳо аз асорати Украина озод шудаанд.”

Раисҷумҳури Чечен афзуд: Бечораҳое, ки дар зерзаминҳои Азов буданд, намедонистанд, ки неруҳои русӣ як “роҳи наҷот” дар ихтиёрашон мегузоранд, ки аз тариқи он метавонанд кумак, ғизо, дору ва зиндагии оромро дар фосилаи сад метрӣ аз муҳавватаи корхона ба даст оваранд.

Вай афзуд: Ин фашистҳои ғайри инсон, ки ғайринизомиёнро барои истифода ба унвони сипари инсонӣ нигаҳ доштаанд, чӣ метавон номид?… Ба ин чеҳраҳои шод нигоҳ кунед ва изҳороти нодурусту нафратангези нозиҳои Украинаро ба ёд биоваред, ки қарор аст ғайринизомиёнро наҷот диҳанд! ғайринизомиёни зиндонӣ дар зерзаминҳои корхонаи Азов воқеан хушҳол ҳастанд ва ба бастагони худ дуруд мефиристанду азизони худро садо мезананд ва фаротар аз ҳама ду калима муҳим мегӯянд: “Мо зиндаем!”

Ӯ идома дод: Оҳой нозиҳо! Эй шайтонҳо, ҳануз ҳам мегӯед, ки 800 нафарро дар сардобҳо ва зерзамин наҷот додаед?! Ба шумо гуфта будам, ки дуруғ будани таблиғоти нозиҳоро собит карда ва нишон хоҳам дод.

Қодиров дар поён хитоб ба расонаҳои ғарбӣ гуфт: Инҷо наздик ба ҳазор шоҳид вуҷуд дорад, ки дуруғҳои роҳзанони украиниро таъйид мекунанд, инҷои 800 нафар аз бача то бузург ҳастанд, оё гузориши воқеӣ аз онҳо таҳия мекунед?! Медонам, ки ҳаргиз ин корро нахоҳед кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад