Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо як сафари корӣ вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо як сафари корӣ вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Владимир путин, раисҷумҳури Русия бо як сафари корӣ меҳмони Тоҷикистон мешавад. Ин сафар дар пайи нигарониҳое аз сӯи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон сурат мегирад.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати Тоҷикистон низ ин хабарро таъйид намуданд, аммо ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накарданд.

Расонаҳои русӣ, аз ҷумла Шабакаи Аввали Русия хабар дод, ки ҳафтаи ояндаро раисҷумҳури Русия аз Душанбе шуруъ хоҳад кард.

Ин расона хабар дод

“Музокироти калон бо раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбат ва хӯроки кории нисфирӯзӣ”.

Дар ҳамин ҳол, сафари Владимир Путин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кард. Вай дар як ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гуфт, дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои байнулмилалии террористӣ афзудааст.

Шойгу таъкид кард :

“Роҳбарони террористҳои байналмилалӣ қаламрави Афғонистонро як пойгоҳ барои ворид шудан ба кишварҳои ҳамсоя ва эҷоди шабакаи густурдаи ҷиҳодии пинҳонӣ медонанд, ки аз ҷумла тавассути интиқоли ҷангҷӯён аз нуқтаҳои доғ пурра карда мешавад”.

Ин ҷаласаи вазирони дифоъи Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар чунин чаҳорчӯб баргузор шуд.

Эҳтимол меравад сафари Владимир Путин дар рӯзҳои аввали ҳафтаи оянда сурат гирад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Президенти Русия гуфт, ки Маскав дар пасманзари таҳдиди Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Кишвардори Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон сухан гуфт.

Чунин тадобирро, Маскав дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон барои таҳкими марзҳои кишвари муттаҳид роҳандозӣ мекунад.

Президенти Русия қайд кард, ки :

Путин таъкид кард, ки пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти минтақа аст.

“Ман медонам, ки шумо низ бо низомиёни мо пайваста дар тамос ҳастед, вазъро назорат мекунед, ба низомиёни мо дар он ҷо кумак мекунед, то онҳо дар шароити муқаррарӣ зиндагӣ кунанд”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад