Англис хостори идомаи даргирӣ дар Украина шуд

Нахуст вазири Англис дар дидор бо раиси ҷумҳури Фаронса бо ҳаргуна талош барои таваққуфи даргирӣ дар Украина ибрози мухолифат кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Борис Ҷонсон”, нахуст вазири Англис дар дидор бо “Эммануэл Макрон”, раиси ҷумҳури Фаронса бо ҳаргуна таваққуфи даргирӣ дар Украина мухолифат кард.

Давлати Англис дар вебгоҳи худ дар бораи дидори сарони Фаронса ва Англис дар ҳошияи нишасти гурӯҳи ҳафт навишт: «онҳо буҳрони Украинаро ба баҳс гузошта ва таъйид карданд, ки лаҳзоти хатири барои масири даргири дар ҳоли сипари шудан аст ва фурсати тағйири раванди ҷанг вуҷуд дорад».

Дар ин баёния омада аст: «нахуст вазир Ҷонсон ва раиси ҷумҳур Макрон бар лузуми ҳимоят аз Украина ба манзури тақвияти кортҳои бози ин кишвар дар ҷанг ва музокироти оянда [бо Русия] таъкид карданд».

Хонаи шумораи 10 меофзояд: «нахуст вазир таъкид кард ҳаргуна талош барои эҷоди созиш дар даргири дар ҳоли ҳозир фақат мӯҷиби бесуботии мондагор шуда ва ба Владимир Путин иҷоза медиҳад кишварҳои мустақил ва бозорҳои ҷаҳониро ба таври доимӣ абзори дасти худ кунад».

Макрон чанде пеш ба Украина пешниҳод карда буд бахшҳоеро, ки дар ҷанг ба Русия вогузар кардаро раҳо кунад ва бо Маскав тавофуқи оташбас ва мусолиҳа имзо кунад. Ин пешниҳод хашми Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро дарпай дошт.

Аз сӯи дигар, Ҷонсон бо ду сафари аз пеш эълом нашуда, ҳимояти молӣ ва низомӣ аз Киев то замони «озодсозии тамоми Украина ва пирӯзи бар Русия»ро ваъда дода аст.

Моҳи гузашта “Лиз Террас”, вазири умури хориҷаи Англис низ пешниҳодот дар бораи тавофуқи сулҳ миёни Русия ва Украинаро «мумошот» ва «ақибнишинӣ» тавсиф ва онро рад кард.

Вазири умури хориҷаи Англис гуфт: «бояд барои тазмини бартарии Украина аз тариқи кӯмаки низомӣ ва таҳрими [Русия] беамон талош кунем. Акнун замони он нест, ки поро аз рӯйи педали газ бардорем».

Аз замони матраҳ шудани пешниҳоди Макрон то ба ҳол, Украина бахши зиёде аз минтақаи Донбасс, шаҳри Мариупол ва Северодонетскро аз даст дода, аммо ҳамчунон ба идома додани ҷанг то замони пирӯзи дар баробари Русия исрор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад