Умри кӯтоҳи кабинаи эътилофии Беннет – Лапид ва сенарияҳои пеши рӯ

Давлати эътилофии Беннет ва Лапид, ки бино буд, чаҳор сол идораи умӯрро дар Фаластини ишғолӣ бар ӯҳда дошта бошад ва ҳар як аз ду нафар ба таври мутановиби ду соли масъӯлияти нахуствазириро ӯҳдадор шаванд, беш аз як солу як ҳафта давом наёвард ва Лапиду Беннет бо судӯри баёнияи муштарак эълом карданд, ки душанбеи ҳафтаи оянда, лоиҳаи инҳилоли порлумонро ба Кнессет (порлумон) ироа хоҳанд дод.

Кабинаи эътилофии Беннет – Лапид, ки 61 курсиро дар ихтиёр дошт, дар моҳи апрел як курсии худ яъне, Идит Силман, узви фраксюни «Ямино»-ро аз даст дод ва бо хурӯҷи вай теъдоди курсиҳои мухолифони кабина ба 54 курсӣ дар муқобили 60 курсии кабина расид.

Пас аз он, Renawie Zoabi эълом кард, қасд дорад аз кабина хориҷ шавад, аммо ин иқдом ба далели таҳдидоти бавуҷӯд омада алайҳи вай, ки як фаластинуласл аст, анҷом нашуд. Пас аз он Nir Orbach эълом кард, аз кабинаи хориҷ хоҳад шуд, ки дар ин сӯрат, теъдоди курсиҳои эътилоф ба 59 курсӣ дар муқобили 55 курсии мухолифон хоҳад расид.

Гуфта мешавад, дар пушти ин хурӯҷҳо, Натаняҳу қарор дораду тасмими муштараки Беннету Лапид барои инҳилоли порлумони баъд аз он гирифта шуд, ки Натаняҳу, рақиби сарсахти Беннет эълом кард, ки рӯзи чаҳоршанбе 22 июн дархости инҳилоли порлумонро матраҳ хоҳад кард. Бар ин асос мушаххас мешавад, ки Лапиду Беннет бо тасмим ба инҳилоли порлумон саъй кардаанд, ибтикори амалро аз дасти Натаняҳу бигиранд ва худ кантроли буҳронро дар даст бигиранд. Натаняҳу аз замоне, ки ночор ба таҳвили қудрат шуда ҳатто барои як рӯз ҳам сокит нанишаста ва барои бозгашт ба қудрат ва шикасти давлати эътилофӣ ва шиканандаи Беннет – Лапид ниҳояти кӯшишро ба кор гирифтааст.

Ончӣ мӯҷиби шаклдиҳӣ ба «блоки тағйир» ва сипас ташкили кабинаи Беннет шуд, фақат гузинаи «ҳазфи Натаняҳу аз қудрат» буд; аммо замоне, ки ин амр муҳаққақ ва қарор шуд, умӯри режими саҳюнистӣ мудирият шавад, муъталифин мутаваҷҷеҳ шуданд ин таркиб ба ҳадде ноҳамҷинс аст, ки пешбурди корҳо дар амал мақдӯр нест ва набуди ҳадафи ниҳоӣ ва муштарак вазъиятро сахттар мекард, ки дар ниҳоят ба фурӯпошии кабинаи Беннет мунтаҳӣ шуд.

Пеш аз баргузории интихоботи марти 2021, аҳзоби Yesh Atid, Ямино, Умеди ҷадид, Коргар,Meretz, « Исроил Битно» ва Обӣ – сафед эътилофе бо унвони «блоки тағйир» ташкил доданд то битавонанд ба таври мунсаҷимтаре алайҳи Натаняҳу фаъолият кунанад. Натиҷаи ин иқдоми муштарак ҳазфи Натаняҳу аз маснади нахуствазирӣ буд ва ба ҳамин тартиб Натаняҳу низ аз бадви ташкили давлати Беннет – Лапид аз ҳеҷ иқдоме барои фурӯпошии он дареғ накардааст.

Эҷоди чолиши амниятӣ барои давлати Лапиду Беннет ва додани ваъда ба аъзои давлати эътилофӣ барои хурӯҷ аз он, аз ҷумлаи иқдомоте аст, ки Натаняҳу дар ин муддат бакор гирифта ва баназар мерасад, интихоби замони кунӯнӣ барои дархости инҳилоли кабина низ ҳисоб шуда буда то санге ҷилави сафари ояндаи ба Фаластини ишғолӣ андохта шавад. Бо вуҷӯди инки ин сафар ба нафъи режими саҳюнистӣ аст ва Байден бо ин сафар ҳамонанди Трамп муҳри таъйид бар сиёсатҳои зидди сулҳи ин режим мезанад, аммо аз замони Обама тирагии шадид байни ҳизби Ликуд ва шахси Натаняҳу бо бархе аз мақомоти Ҳизби демократ эҷод шудааст, ки ин тирагӣ ҳамчунон идома дорад ва лизо баназар мерасад, яке аз аҳдофи Натаняҳу аз тарҳ инҳилоли Кнессет дар ин мақтаи замонӣ, навъе монеатарошӣ барои сафари Байден ҳам будааст.

Бо ин ҳол, вогузории мақоми нахуствазирӣ ба Лапид ки мавриди ҳимояти ҳизби Демукрот аст, талошҳои Натаняҳуро дар ин замина ноком мегузораду фазои мусоидиро барои ду тарафи асроӣлӣу Амрикои алорақми шикасти давлати эътилофи Лапиду Беннет фароҳам мекунад . Аз ин дид, ин эҳтимол, ки бо вогузории қудрат аз Беннет ба Лапиди замина барои касби имтиёз аз давлати Байден бештар шавад вуҷӯд дорад .

Бо ин ҳол, ин эҳтимол ҳам ки Натаняҳу ба роҳкори дигаре ба ғайр аз инҳилоли кабина мутавассил шавад, вуҷӯд дорад ва он инки битавонад эътилофе бо беш аз 61 курсӣ барои ташкили давлати ҷадид бавуҷуди оварад. Дар ҳоли ҳозир мухолифон 55 курсиро дар ихтиёр доранд ва онҳо 6 курсӣ то расидан ба ин аксарият фосила доранд. Бар асоси ахбори мунташира, Натаняҳу дар ҳоли ройзанӣ бо бархе аз аъзои кабинаи кунӯнист то бо додани имтиёзоти ҷадид ба онҳо, бахше аз курсиҳои мавҷӯд дар эътилофро ба самти худ бикашанд ва битавонад бидуни инҳилоли Кнессет, кабинаи ҷадидро ташкил диҳад.

Ба навиштаи рӯзномаи Yedioth, Натаняҳу бо Benny Gantz вориди музокира шудааст ва ҳамчун соли 2020 , ба ӯ ваъдаи нахуствазирии давраӣ ва вазорати ҷангро дар даврае, ки нахуствазир нест, додааст. Бо ин тафовут, ки Натаняҳу ба Gantz ваъда дода, дар нахуствазирии давраӣ, давраи аввали нахуствазириро ба Gantz диҳад. Ин гузинаро изҳороти Gideon Saar, рақиби суннатии Натаняҳу дар ҳизби Ликуд ва вазири додгустарии кунӯнии кабина ва раиси ҳизби «Умеди ҷадид» таъйид мекунад, ки ба Post Jerusalem гуфтааст: Муқассири фурӯпошии кабинаи кунӯнӣ бархе аъзои ҳамин кабина ҳастанд ва бо тағйири рӯйкарди бархе аъзои кабина, эҳтимоли адами инҳилоли Кнессет ва рӯи кор омадани як давлати дигар вуҷӯд дорад.

Ҳар як аз сенарияҳо сӯрати амалӣ ба худ бигирад, тардид дар ин нест, ки Фаластини ишғолӣ баъд аз як давра суботи нисбии яксола бори дигар вориди тунели бесуботӣ мешавад, ки ҳеҷ чашмандозе барои бурӯнрафт аз он дида намешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад