Баррасии таҳаввулоти Афғонистон дар дидори мақомоти аршади Тоҷикистон ва Эрон

Мақомоти аршади Тоҷикистон дар мавриди охирин таҳаввулоти Афғонистон ройзанӣ карданд.

Мақомоти аршади Тоҷикистон дар мавриди охирин таҳаввулоти Афғонистон ройзанӣ карданд.

Намояндаи вижаи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо мақомоти аршади Тоҷикистон дар мавриди охирин таҳаввулоти Афғонистон ройзанӣ ва гуфтугӯ кард.

Ҳасани Козимӣ дар дидор бо мақомоти аршади Тоҷикистон аз ҷумла вазири хориҷа ва вазири амнияти кишвар охирин таҳаввулоти Афғонистонро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дод.

Бар асоси ин гузориш дар рӯзи чаҳоршанбе низ Козимӣ, намояндаи вижаи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон бо Замир Коблов, намояндаи вижаи давлати Русия дар умури Афғонистон дидор ва ройзанӣ карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад