Сулҳи Украина фақат бо муҳаққақ шудани шурути Русия мумкин аст

Сухангӯи риёсати ҷумҳурии Русия гуфт, сулҳи бо Украина фақат дар сурате муҳаққақ мешавад, ки тамоми шурути Маскав пазируфта шаванд.

 

Сухангӯи риёсати ҷумҳурии Русия гуфт, сулҳи бо Украина фақат дар сурате муҳаққақ мешавад, ки тамоми шурути Маскав пазируфта шаванд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кохи Керемл рӯзи панҷшанбе гуфт, тарҳрезии сулҳ дар Украина фақат дар сурати муҳаққақ шудани шурути Русия мумкин аст.

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, Дмитрий Песков, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, «барномаи сулҳ бо Украина» фақат дар сурате имконпазир аст, ки Киев тамоми шурути Русияро бипазирд.

Ӯ дар посухи як хабарнигор ба ин савол, ки Украина бояд чӣ шурутеро бипазирад гуфт: «Украина ҳамаи онҳоро ба таври комил медонад».

Сухангӯи риёсати ҷумҳурии Русия ҳамчунин иддаои Олмон дар бораи коҳиши ҷараёни гази дарёфтиро «аҷиб» тавсиф кард. Берлин коҳиши вуруди газ аз Русия ба Олмонро ҳамлаи иқтисодӣ тавсиф карда, аммо Маскав иллати онро тааллул дар таъмирот дониста аст.

Дмитрий Песков тавзеҳ дод: «агар лозим аст як турбина сервис шавад ё баъд аз таъмир ба ҷойи худ бозгардонда шавад, аммо ин иттифоқ наафтад, ҳама чиз равшан буда ва маънои дигаре надорад».

Ин мақоми рус афзуд: «шуракои олмонии мо аз чархаҳои сервиси фаннии хатти лӯла, ба хубӣ мутталеъ ҳастанд ва аҷиб аст, ки онро сиёси медонанд».

Аз замони шурӯъи ҷанги Украина, кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои сангинеро алайҳи Русия эъмол карда ва ба ҳимояти молӣ ва низомӣ аз Киев пардохтаанд. Бо ин ҳол вобастагии Аврупоиҳо ба гази Русия монеъ аз иҷрои таҳрим дар ин замина шуда аст.

Дмитрий Песков, пештар дар бораи мавозеи ғарбиҳо дар бораи ҷанги Украина гуфта аст, Русия «дигар ҳаргиз дубора ба ғарб эътимод нахоҳад кард».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад