Сомонаи ракетии дурбурди Амрико вориди Украина шуд

Алорағми ҳушдорҳои шадиди Русия, вазири дифоъи Украина эълом кард сомонаҳои ракетии дурбурди Амрико вориди ин кишвар шудаанд.

 

Алорағми ҳушдорҳои шадиди Русия, вазири дифоъи Украина эълом кард сомонаҳои ракетии дурбурди Амрико вориди ин кишвар шудаанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати дифоъи Украина рӯзи панҷшанбе эълом кард сомонаҳои ракетии мутаҳаррики Амрико (HIMARS)-ро таҳвил гирифта аст.

Ба навиштаи хабаргузории “Руйтерз”, “Олексий Разников”, вазири дифоъи Украина дар баёнияе бо ташаккур аз “Лойд Остин”, ҳамтои Амрикоӣ гуфт тобистони доғе дар интизори русҳо аст.

Ӯ бо ишора ба аҳамияти истифодаи неруҳои Украинӣ аз ин сомонаҳои ракетӣ барои тағйири ҷараёни ҷанги Украина, ҷузъиёте дар бораи теъдоди онҳо ироа накард.

Ирсоли ин сомонаҳои ракети дар ҳоле анҷом шуда, ки Русия пештар ҳушдор дода буд агар ин сомонаҳои дурбурд бо диққати боло ба Украина бирасад, аҳдоферо дар назар хоҳад гирифт, «ки то кунун ҳадаф қарор нагирифтаанд».

Тайи ҳафтаҳои гузашта, неруҳои русӣ тавонистаанд бо истифода аз бартарӣ дар қудрати тӯпхонаӣ, пешравиҳои қобили таваҷҷуҳе дар Донбас дошта бошанд.

Сухангӯи вазорати дифоъи Амрико моҳи гузашта муддаӣ шуд сомонаҳои ракетии дурбурде, ки барои Украина ирсол хоҳад шуд 70 километр бурд доранд.

Ӯ муддаӣ шуд, Украиниҳо тазмин додаанд, ки аз ин таслиҳот фақат ҷанбаи дифоъи дошта бошанд. Ин сомонаҳои HIMARS‌ аз пеш дар Аврупо мустақар шудаанд то сареъан ба Украина мунтақил шаванд ва баъд аз он бояд таълими онҳо фавран шурӯъ шавад.

Ин мақоми Петагон дар посух ба саволи хабарнигоре дар бораи замони расидани аввалин маҳмулаи сомонаи HIMARS‌ ба Украина гуфт, метавон ин сомонаҳоро зарфи чанд рӯз таҳвил дод, аммо омӯзиши кор бо онҳо чанд ҳафта тӯл хоҳад кашид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад