Таркиш дар Нангарҳор ду нафар кушта ва 28 тани дигар маҷрӯҳ шуданд

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор эълон карданд, ки дар натиҷаи вуқуъи таркиш дар шаҳристони Ғанихайл 2 нафар кушта ва 28 тани дигар захмӣ шуданд.

Сиддиқуллоҳ, мири Толибон изҳор дошт, ки ин таркиш дар бозори Шергар рух дода ва мошини ҳомили Шоҳмаҳмуд Ҳиҷрат, раиси беморхонаи ин шаҳр ҳадаф қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, раиси бемористони шаҳр аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст ва афзуд, ки дар ин таркиш 5 ҷангии Толибон низ захмӣ шудаанд.

То ҳол масъулияти таркишро касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад