Дидори раиси ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон

Дар дидори охири раисони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 3 мавзуи мавриди ихтилофоти марзӣ баррасӣ шуд.

Дар дидори охири раисони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 3 мавзуи мавриди ихтилофоти марзӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши манбаъ :

Баҳоуддин Баҳодурзода ва Учқун Ҷурабоев дар ин дидор, ки дар рустои марзии Оқсой баргузор шуд, дар бораи танишҳои ахири марзӣ ва зарурати поён додан ба даргирӣ миёни низомиён ва сокинони манотиқи мавриди ихтилоф гуфтугӯ карданд.

Онон таъкид кардаанд, ки барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ зарурати ҳалли 3 мавзуъ муҳим аст.

Таваққуфи ҳар навъ сохтусоз дар манотиқи аломатгузоринашудаи марзӣ, надодани баҳона ба дасти афроде, ки дар пайи танишофаринӣ дар марзи муштараки ҳастанд ва таъйини масирҳои гаштзании неруҳои марзбонӣ аз муҳимтарин масоили матраҳшуда дар ин дидор буд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то ба ҳол фақат бар сари аломатгузории 580 километр тавофуқ шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Як сарбози тоҷик субҳи 14 июн дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари тирандозии навбатӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуд.

Дар задухӯрди шадид миёни марзбонони тоҷику қирғиз дастикам як нафар кушта шудааст.

Як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати ҷамоати Ворух кушта шудани як сарбози 25-солаи тоҷикро дар субҳи барвақт тасдиқ кард.

Тибқи иттилои пешакии ҷониби Қирғизистон, дар миёни марзбонони ин кишвар низ талафот дида мешавад.

Қобили зикр аст, ки субҳи 14-уми июн, тахминан соати 06:00 ба вақти Душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз миномёт ва гранатомёт оташкушоӣ сар зад.

Як манбаъ дар ҷамоати Ворух тирпарронӣ дар посгоҳи “Кех”-и Тоҷикистонро тасдиқ кард.

манбаъ афзуд :

“Сарҳадбонони қирғиз бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Субҳи барвақт онҳо ҳатто аз миномёт истифода карданд. Дар натиҷа марзбонони тоҷик низ оташи ҷавобӣ доданд”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, тир ба сӯи посгоҳи марзии “Булак-Башӣ” дар вилояти Бодканд аз ҷониби посгоҳи “Кех”-и Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, намояндагони ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Гуфта мешавад, ки “бо дарёфти сабабҳои даргириҳо ва ҷилавгирӣ аз авҷи авзоъ” раҳбарони нерӯҳои марзбонии ҳарду ҷониб ба маҳалли ҳодиса рафтанд. Дар ҳоли ҳозир вазъ муташанниҷ арзёбӣ мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад