Барқарории парвози нави мустақим байни Тоҷикистон ва Эрон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз оғози парвози мустақими ҳафтагии “Теҳрон-Душанбе-Теҳрон” аз рӯзи якшанбеи оянда хабар дод.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз оғози парвози мустақими ҳафтагии “Теҳрон-Душанбе-Теҳрон” аз рӯзи якшанбеи оянда хабар дод.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз оғози парвози мустақими ҳафтагии “Теҳрон-Душанбе-Теҳрон” аз рӯзи якшанбе, 19-уми июн тавассути ширкати ҳавопаймои “Вораш” хабар дод.

Собирӣ бо эъломи ин матлаб дар саҳифаи худ дар Инстаграм навишт: “бо сипосу ситоиши Худованд ва пайгириҳои анҷомшуда ва мувофиқати созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон ва Тоҷикистон, ин парвоз ба ҷиҳати рифоҳи ҳол ва шаҳрвандони ду кишвар ва тасҳили сафари гардишгарон анҷом мешавад”.

Ба навиштаи сафири Эрон, замони ин парвоз, тибқи барнома, рӯзҳои якшанбеи ҳар ҳафта соати 18:30 аз Фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва бозгашти он дар соати 23 ҳамон рӯз хоҳад буд.

Собирӣ ҳамчунин илова кардааст, ки дар ҳоли ҳозир парвози мустақим дар масири “Машҳад – Душанбе- Машҳад” дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта барқарор мебошад.

Қабл аз барқарории парвозҳои мустақим, шаҳрвандони азизи ду кишвар ночор буданд аз масири ғайримустақим ва аз тариқи кишварҳои дигар мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши ҳазинаи сафар, сабаби тӯлонӣ шудани замони сафар ҳам мешуд.

 Сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор доштааст: бо таваҷҷӯҳ ба тавсеаи равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар арсаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ ва тоҷикистонӣ, умедворем бо ёрии Худованд теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар, дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад