Сарбози тоҷик дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон кушта шуд

Як сарбози тоҷик субҳи 14 июн дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари тирандозии навбатӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуд.

Як сарбози тоҷик субҳи 14 июн дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари тирандозии навбатӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуд.

Дар задухӯрди шадид миёни марзбонони тоҷику қирғиз дастикам як нафар кушта шудааст.

Як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати ҷамоати Ворух кушта шудани як сарбози 25-солаи тоҷикро дар субҳи барвақт тасдиқ кард.

Тибқи иттилои пешакии ҷониби Қирғизистон, дар миёни марзбонони ин кишвар низ талафот дида мешавад.

Қобили зикр аст, ки субҳи 14-уми июн, тахминан соати 06:00 ба вақти Душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз миномёт ва гранатомёт оташкушоӣ сар зад.

Як манбаъ дар ҷамоати Ворух тирпарронӣ дар посгоҳи “Кех”-и Тоҷикистонро тасдиқ кард.

манбаъ афзуд :

“Сарҳадбонони қирғиз бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Субҳи барвақт онҳо ҳатто аз миномёт истифода карданд. Дар натиҷа марзбонони тоҷик низ оташи ҷавобӣ доданд”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, тир ба сӯи посгоҳи марзии “Булак-Башӣ” дар вилояти Бодканд аз ҷониби посгоҳи “Кех”-и Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, намояндагони ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Гуфта мешавад, ки “бо дарёфти сабабҳои даргириҳо ва ҷилавгирӣ аз авҷи авзоъ” раҳбарони нерӯҳои марзбонии ҳарду ҷониб ба маҳалли ҳодиса рафтанд. Дар ҳоли ҳозир вазъ муташанниҷ арзёбӣ мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сарҳадбонони қирғиз ин субҳ ба сари як минтақаи аҳолинишини наздимарзии Тоҷикистон оташ кушодаанд. Мақомот то кунун ин ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз тирпарронӣ сар зад.

Бино ба иттилоъи манобеъ аз ҷамоати Ворух тирпарронӣ соати 6:00 и субҳ сар шуда, ҳамоно хомӯш нашудааст.

Як масъули ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарҳадбонони қирғиз ба сайругашти саҳарӣ баромада ба рӯи маҳаллаи Кех тир холӣ кардаанд.

Корманди ҷамоати Ворух гуфт

“Сарҳадбонони қирғиз бе огоҳӣ ва бо мақсади ноором кардани марз ба тирпарронӣ сар кардаанд. Онҳо ҳатто аз силоҳи миномиёт истифода кардаанд. Дар натиҷа сарҳадбонони тоҷик ҳам ба кушодани тири ҷавобӣ сар кардаанд”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад