Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Покистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ

 Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо вазири дифои федерали Покистон тавсеаи равобит байни ду кишвар дар заминаи амниятӣ ва дифоӣ баррасӣ шуд.

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо вазири дифои федерали Покистон тавсеаи равобит байни ду кишвар дар заминаи амниятӣ ва дифоӣ баррасӣ шуд.

Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои федерали ин кишвар дидор ва масоили мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор бахши густардае аз ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон ба вижа дар заминаи амниятӣ, низомӣ ва низомӣ – фаннӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафири Тоҷикистон ва вазири дифои федерали Покистон дар мавриди вазъияти низомӣ – сиёсии кунунии минтақа ва ҳамчунин дигар мавзӯоти калидии мавриди алоқаи ду тараф табодули назар карданд.

Тайи ин дидор ҳамчунин таъкид шуд, ки Покистон аз талошҳои Тоҷикистон барои тақвияти сулҳ ва субот дар минтақа қадрдонӣ мекунад.

Тоҷикистон ва Покистон дар соли 1992 равобити дипломатик барқарор карданд.

Руасои ҷумҳури ду кишвар чанд рӯзи пеш бо ирсоли паёмҳои ҷудогона сиюмин солгарди барқарори равобити дипломатикро ба якдигар табрик гуфтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад