Равобити Эрон ва Тоҷикистон вориди марҳилаи ҷадид шудааст

Вазири неруи Эрон бо ишора ба сафари ахири раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон ва имзои 17 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар гуфт: “равобити ду кишвар вориди марҳилаи ҷадид шудааст, ки дар оянда низ густариш хоҳад ёфт”.

Хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе дар ҳошияи дувумин ҳамоиши байналмилалии сатҳи олии “об барои тавсеаи пойдор 2018-2028” , ки дар дар 6-9 июн дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бо Алиакбари Меҳробиён, вазири ниру ва раиси эронии комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар равобити дуҷониба гуфтугӯ анҷом дод.

Дар ибтидо, вазири ниру ҳузури ҳайатҳои олирутба имутааддид ба шумули ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистонро ҳокӣ аз аҳамияти ин ҳамоиш донист ва гуфт: “ҳамоиши байналмилалии об барои тавсеа пойдор дувумин иҷлоси бисёр муҳим дар ин замина мебошад, ки бар асоси мусаввабот маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи сарон баргузор шудааст.

Вай идома дод: “ширкати ҳайатҳои кишварҳои мухталиф ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ин фурсатро фароҳам кард, то таҷрибаҳои худро ба иштирок бигузоранд ва перомуни роҳи ҳалҳои масоил ва мушкилоти марбута баҳс ва табодули назар кунанд. Дар ҳақиқат мавзӯи об имрӯз як мавзӯи комилан роҳбурдӣ буда ва дар байни бақияи мавзӯоте, ки зерсохти тавсеаро шакл медиҳанд, шояд аз болотарин аҳамият бархурдор бошад. Дар ҳоли ҳозир шароити ҷаҳон ба гунае аст, ки камбуди манобеи об боиси бурузи танишҳои қобили таваҷҷуҳе шудааст.

Меҳробиён идома дод: “баҳси дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ ва оби беҳдоштӣ яке аз мавзӯоти муҳим ва меҳварии мавриди пайгирии иҷлоси Душанбе буд. Мутаассифона имрӯз беш аз 2 миллиард ҷамъияти ҷаҳон дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ ва беҳдоштӣ надоранд. Албатта ин ба он маъно нест, ки дастрасии бақияи ҷамъияти ҷаҳон ба оби нӯшиданӣ ва беҳдоштӣ комил ва доимӣ аст. Бар асоси шохисҳои Созмони Милали Муттаҳид, афроде, ки то таъмини об як масофати муайяне фосила доранд, баҳраманд маҳсуб мешаванд. Ин дар ҳоле аст афроди баҳраманд ҳам барои таъмини об бо масоил ва мушкилоти мухталифе мувоҷиҳанд.

Вазири неруи Эрон дар посух ба пурсиши хабарнигори Форс мабнӣ бар инки миёни Эрон ва Тоҷикистон чӣ ҳамкориҳое дар заминаи об вуҷуд дорад? Баён кард: “ба ин далел, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз оби ширини ҷаҳон дар Тоҷикистон тавлид мешавад ва ин кишвар ба унвони сарчашмаи рӯдхонаҳои азими “Омударё” ва “Сирдарё” ба шумор меравад, Тоҷикистон дар мавзӯи тавлид ва тавзеи об нақши барҷастае дорад. Яхчолҳои бисёр бузурге, ки дар ин минтақа вуҷуд дорад умдатан мутааллиқ ба Тоҷикистон мебошанд. Ин кишвар ба далели кӯҳистонӣ будани иқлими худ камтар аз манобеи оби хеш баҳраманд мебошад, вале дар заминаи тавлид ва мудирияти об нақши бисёр муҳиме дорад.

Меҳробиён идома дод: “Эрон ва Тоҷикистон аз солҳо қабл дар заминаи об ва энергӣ ҳамкориҳое анҷом медиҳанд, ки муҳимтарини он эҳдоси неругоҳи барқи обии “Сангтуда 2” мебошад. Дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон низ музокироте дар робита ба тавсеаи равобит ва иҷрои проектҳои ҷадид анҷом шуд. Зимни ҳузури феълӣ дар Душанбе низ бо мақомоти тоҷик перомуни густариши ҳамкориҳои марбута гуфтугӯ ва табодули назар кардем.”

Вазир неруи Эрон вазъияти кунунии равобит миёни Теҳрон ва Душанберо мусбат унвон кард ва гуфт: “бо сафари расмии Сайид Иброҳими Раисӣ дар соли гузашта ба Тоҷикистон, ки аввалин сафари хориҷӣ баъд аз интихобшуданашон ба унвони раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ба наҳве паёме дар робита ба сиёсати хориҷии Эрон нисбат ба минтақа дода шуд. Маънои паём ин буд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад ҳамкориҳои худ бо кишварҳои ҳамзабон, бародар, мусулмон ва ҳамсояро густариш диҳад. Пас аз ин сафар мо шоҳиди баргузории нишастҳои мухталифи дуҷониба ва афзоиши таомулот ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя будем.”

Вай тасреҳ кард: “бо сафари ахири раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон ва имзои 17 санад дар заминаҳои мухталиф, вориди марҳалаи ҷадиди равобити дуҷониба миёни Теҳрон ва Душанбе шудем. Хушбахтона аз замони оғози фаъолияти давлати Раисӣ, равобити иқтисодӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон аз рушди чандбаробарӣ бархурдор шуд ва пешбинии мо ин аст, ки тайи моҳҳо ва солҳои оянда равобит миёни ду кишвар дар масири рушд ва тавсеаи бештаре қарор хоҳад гирифт.”

Меҳробиён дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ заминаҳое барои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Эрон ва Тоҷикистон аз зарфиятҳои муносибе бархурдор аст, изҳор дошт: “дар заминаи табодули таҷрибаҳо, судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, табодули коло, транзит, илм ва фановарӣ, омӯзиши олӣ ва истифода аз имконоти гардишгарии ду кишвар зарфиятҳои хубе вуҷуд дорад, ки зери он метавон ба беҳбуд ва густариши ҳамкориҳо даст ёфт.

Вазири неру дар бахши поёнии ин гуфтугӯ дар бораи нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, баён дошт: ба сурати табиӣ комиссияҳои муштарак дар мавзӯоти иқтисодӣ нақши меҳварӣ доранд. Яъне агар ин комиссияҳо фаъол бошанд, ҳатман равобит ба ҷиҳати таомулоти иқтисодӣ рушд хоҳад кард. Хушбахтона дар ҳоли ҳозир равобити сиёсӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон равобити мумтозе аст, вале барои расидани равобити иқтисодӣ ба чунин як сатҳе роҳи нисбатан зиёде дар пеш дорад, ки ба нақш ва масъулияти комиссияҳои муштарак меафзояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад