Юнон: Барои муқобила бо ҳаргуна иқдоми Туркия омодаем

Сухангӯи давлати Юнон аз омодагии ин кишвар барои муқобила бо ҳаргуна иқдомоти таҳрикомези Туркия хабар дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сухангӯи давлати Юнон рӯзи шанбе бар омодагии кишвараш барои ҳаргуна эҳтимоле дар хусуси иқдомоти таҳрикомези Туркия таъкид кард.

Ба гузориши вебгоҳи юнонии “Туйма эконом”, сухангӯи давлати Юнон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Ской Ниюз” гуфт: «мо аз худ розӣ нестем. Бояд барои ҳар эҳтимоле бо Туркия омода бошем. Корти барандаи Юнон равобиташ бо муттаҳидон ва тақвияти дифоъи ин кишвар аст.»

Вай ҳамчунин афзуд, ки Юнон комилан метавонад бо ҳар чолише рӯбарӯ шавад аз он убур кунад.

Сухангӯи давлати Юнон хотирнишон кард: «Юнон мутлақан метавонад бо ҳар чолише алайҳи ҳокимияти миллӣ ва ҳуқуқи ҳокимияти худ рӯбарӯ шавад .ин ба нафъ ва манфаати мо аст, ки вориди ҳеҷ ташдиди таниш бо Туркия нишавем.»

“Раҷаб Тайиб Ардуғон”, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи панҷшанбе дар бораи низомӣ кардани ҷазоири воқеъ дар дарёи Ижа ҳушдор дод. Раҷаб Тайиб Ардуғон гуфт, дар бораи дархост аз Юнон барои ғайринизоми кардани ин ҷазоир «шӯхи надорем.»

Раиси ҷумҳури Туркия бори дигар аз давлати Юнон дархост кард ирсоли неруҳои мусаллаҳ ба ҷазоири дорои вазъияти ғайринизомиро мутаваққиф карда ва аз тавофуқоти байналмилалӣ табаият кунад.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, таъкид кард: «аз Юнон мехоҳам аз рӯё пардозӣ, иқдомот ва изҳороте, ки мӯҷиби пушаймонӣ аст худдори кунад. Сари ақл биёяд».

Ӯ дар идомаи изҳоротш гуфт: «Туркия ҳаргиз аз ҳуқуқи худ дар дарёи Ижа сарфи назар намекунад ва аз истифода аз ҳуқуқи худ, ки дар тавофуқоти байналмилалӣ дархсуси низоми кардани ҷазоир дарҷ шуда, ақибнишинӣ нахоҳад кард.»

Нахуст вазири Юнон сешанбе гузашта аз Анкара хост то бо костан аз лаффозиҳо, таниш бо Афинаро бештар накунад ва дар айни ҳол таъкид кард, ки Юнон омодаи дифоъ аз ҳокимияти худ аст.

Манобеи хабарӣ дар рӯзҳои ахир гузориш карданд, ки бо ташдиди таниши Юнон бо Туркия, неруҳои мусаллаҳи Юнон дар дарёи Ижа дар ҳолати «омодабоши боло» қарор гирифтаанд.

Юнон ва Туркия муддатҳост, ки дар заминаи ҳаққи баҳра бардорӣ аз манобеъи энерги дар дарёи Ижа ва Мидитарона ихтилоф доранд. Юнон ва Туркия бобати иктишофи газ дар шарқи Мидитарона ба тақобули низомӣ наздик шуданд. ин ду кишвар борҳо ҳамдигарро ба нақзи ҳарими ҳавоӣ ва дарёӣ ҳам муттаҳам кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад