Пирӯз шудан муқобили Русия барои саботи ҷаҳонӣ муҳим аст

Раиси ҷумҳури Украина рӯзи шанбе гуфт, ки пирӯз шудан дар ҷанг муқобили Русия барои саботи ҷаҳонӣ муҳим аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Зеленский” раиси ҷумҳури Украина рӯзи шанбе дар суханоне гуфт, ки бояд монеъ аз он шавем, ки Русия аз сарватҳояшон барои таъмини моли ҷанг истифода кунанд.

Вай дар идомаи суханонаш гуфт: «бо тарафҳои Аврупо барои ҳимоят аз праяектҳои бозсозии Украина ҳамкорӣ мекунем».

Владимир Зеленский, зимни дархост барои ирсоли таслиҳоти бештар ба Украина, таъкид кард: «пирӯз шудан дар ҷанг муқобили Русия барои саботи ҷаҳонӣ муҳим аст».

Дар вокуниш ба амалиёти низомии Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ маҷмӯае аз таҳримҳои зидди русиро бо ҳадафи «инзивои» ин кишвар аз иқтисоди ҷаҳонӣ эъмол кардаанд. “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия ахиран дар мавриди таҳримҳои ғарб, ки иқтисоди Русияро ҳадаф қарор дода, гуфт, ки мунзавӣ кардани чунин кишвари бузурге ғайримумкин аст.

Алорағми таҳримҳои Амрико ва Аврупо алайҳи Маскав, як мақоми Амрикоӣ дар ҷаласа истимоъи Кангрес изъон кард мизони даромадҳои нафтии Русия нисбат ба қабл аз шурӯъи ҷанги Украина афзоиш ёфта аст.

Аз замони шурӯъи амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина, Амрико ва Аврупо дар бораи мамнуъияти воридоти нафт аз ин кишвар ба тавофуқ расидаанд, бо ин вуҷуд кишварҳои Аврупоӣ ба далели вобастагии шадид ба нафт ва гази Русия токунун муваффақ ба қатъи воридоти худ аз Маскав нашудаанд.

Руйтерз, дар гузорише навишт, дар ҳоле, ки таҳримҳои ғарб таҳаррукоти энергии Русияро кунд карда, аммо ҳамзамон ба афзоиши қиматҳои нафт ва газ дар бозори ҷаҳонӣ кӯмак карда аст. Қимати нафти хоми Брент рӯзи панҷшанбе ба бушкае 123 доллар расид, ки болотарин қимат тайи се моҳи гузашта буда аст. Имрӯз (11 июн) ҳамчунин мутавассити қимати бензин дар Амрико барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар, ба болои панҷ доллар дар ҳар галлон расид.

Путин дар изҳороти ахири худ дар ишора ба иддаоҳо мабни бар инки шахси вай масъули афзоиши сарсомовари таваррум дар кишварҳои ғарбӣ аст, гуфт, ки ӯ ҳеҷ иртиботе бо мушкилоти иқтисодии кишварҳои дигар надорад ва ин натиҷаи иштибоҳоти худи онҳо [кишварҳои ғарбӣ дар тӯлони муддат] аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад