Киев: рӯзона 100 сарбози украинӣ дар ҷанг бо Русия кушта мешавад

Вазири дифои Украина мегӯяд, рӯзона яксад низомии украинӣ дар майдони ҷнг бо низомиёни Русия кушта мешаванд.

Алексей Резинков, вазири дифои Украина имрӯз эълон кард, ки рӯзона 100 низомии украинӣ дар набард бо неруҳои Русия кушта мешаванд ва ҳудуди 500 низомӣ ҳам дар набардҳои душвор бо неруҳои рус захмӣ мешаванд.

Резинков тасреҳ кард, ки вазъият дар майдони ҷанг душвор аст. Ҳар рӯз 100 сарбоз кушта ва 500 нафар захмӣ мешаванд. Кремл ба фишорҳои густурда идома медиҳад, шикаст мехӯрад, бо муқовимати шадид рӯ ба рӯ мешавад ва хисоратҳои зиёдеро мутаҳаммил мешавад.

Илова бар вазири дифои Украина президенти ин кишвар, Владимир Зеленский ҳам бо баёни ин ки сахттарин вазъият дар шарқи ин кишвар барқарор аст гуфт, рӯзона 60 то 100 сарбозро ба далели кушта шудан дар амалёт ва ҳудуди 500 нафарро ба сабаби ҷароҳат аз даст медиҳем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад