Амнияти минтақа меҳвари дидори Токаев ва раиси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Дар дидори раисҷумҳури Қазоқистон бо дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба тақвияти таомулоти тарафайнӣ ва амнияти минтақа таъкид шуд.

Дар дидори раисҷумҳури Қазоқистон бо дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба алоқаи ду тараф нисбат ба тақвияти таомулот дар заминаҳои дорои авлавият аз ҷумла амнияти минтақа таъкид шуд.

Дар дидори Қосим Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо Жонг Минг, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шангхай бар алоқаи ду тараф нисбат ба тақвияти таомулот дар заминаҳои дорои авлавият аз ҷумла амнияти минтақа таъкид шуд.

Токаев ва Жонг Минг ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро муҳим арзёбӣ карданд.

Ду тараф ба ҷанбаҳои калидии фаъолияти ин Созмон дар шароити мавҷуди геополотикӣ низ таваҷҷуҳ карданд.

Раисҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шароити печидаи геополотикӣ кори худро оғоз карда ва ин созмон дар чунин шароите бояд нақши вижае ифо кунад.

Токаев изҳор дошт: “Қазоқистон яке аз аъзои фаъоли Созмон аст. Ман дар суханронии худ дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкориҳои Шангхай дар Бишкек гуфтам, ки муваффақтарин созмон дар миёни ниҳодҳои байналмилалӣ аст”.

Раисҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин бо таъкид ба мунҳасир ба фард будани дастури кори ин созмон, ки тайфи густардае аз мавзӯъҳоро дар бар мегирад, гуфт: “возеҳ аст, ки Созмони Ҳамкориҳои Шанхай зотан на мутахосим, балки созанда буда ва ҳадафи тавсеаи таомулот байни кишварҳои ширкаткунандаро думбол мекунад. Ин созмон ҳамчунин мехоҳад дар беҳбуди авзои байналмилалӣ нақшофаринии муҳиме ифо кунад. Бинобарин Қазоқистон дар ин созмон нақши фаъол хоҳад дошт ва дар тақвияти зарфиятҳои он мушорикат амалӣ хоҳад кард.”

Токаев ҳамчунин аз дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз фаъолияти ҳайати ин созмон барои назорат бар ҳамапурсии ислоҳи Сарқонуни Қазоқистон, ки рӯзи якшанбе баргузор мешавад, қадрдонӣ кард.

Жонг Минг низ дар навбати худ аз эътимод ва ҳимояти раҳбари Қазоқистон дар канори сарони дигар кишварҳои узв аз номзадии вай барои ишғоли курсии дабирии кулли Созмони Ҳамкориҳои Шангхай ташаккур кард ва итминон дод, ки тамоми талоши худро барои тақвияти бештари зарфияти созмон ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узв ба кор хоҳад гирифт.

Дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамчунин аз омодагии ин созмон барои нишасти ояндаи шӯрои сарони кишварҳои узв дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад