Дархости ПМТ аз зодагони Бадахшон

Паймони Миллии Тоҷикистон ПМТ бо пахши изҳороте аз зодагони Бадахшон хост бинобар ҳодисаҳои зиёди боздошти худсарона ҳангоми ворид шудан ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминии Ӯзбекистон, аз сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ПМТ бо пахши изҳороте аз зодагони Бадахшон хост бинобар ҳодисаҳои зиёди боздошти худсарона ҳангоми ворид шудан ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминии Ӯзбекистон, аз сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд.

Эътилоф мухолифини тоҷик ҳамчунин аз мақомоти кишварҳое, ки дар он зодагони Бадахшон истиқомат мекунанд ё паноҳандагӣ талаб кардаанд даъват кард иқомаи онҳоро тамдид ва бинобар вазъи ташаннуҷбори минтақа дархости паноҳандагии онҳоро қонеъ намоянд.

Матни пурраи изҳороти ПМТ ба шакли зер аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон вазъи хеле нигаронкунандаи ақаллияти қавмӣ ва мазҳабии бадахшонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва манотиқи дигари Тоҷикистон дар робита ба саркуби ваҳшиёнаи ахири мақомоти қудратиро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Бо назардошти бо хушунат саркӯб кардани тазоҳуроти осоишта дар Вамару Хоруғ, ки боиси чандин ҳодисаҳои қатли омми шаҳрвандон, рабудани ҷавонон, куштори раҳбарони ҷамоатҳо, боздошти оммавию шиканҷа ва дигар бадрафториҳо дар боздоштгоҳҳо, ба ҳабс гирифтану таъқиби рӯзноманигорон, фаъолони шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва блогерҳо шуд, ПМТ даъват мекунад:

— Бо дарназардошти ҳодисаҳои зиёди боздошти худсарона ҳангоми ворид шудан ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминии Ӯзбекистон, зодагони ВМКБ, ки дар хориҷа истиқомат, таҳсил ва кор мекунанд, бояд аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд;

— Кишварҳои хориҷие, ки зодагони ВМКБ дар онҷо зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, вазъи ҳуқуқии онҳоро бо дарназардошти таҳдиди ҷиддии таъқибу шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон ба иттиҳоми сохтаи ифротгароӣ дучор шуданашон мумкин аст, тамдид кунанд;

— Кишварҳои хориҷие, ки бадахшониҳо аз тарси тахдид ва таъқибу фишор паноҳандагии сиёсӣ дархост кардаанд, аризаҳои онҳоро дида бароянд ва ба онхо ҳимояи байналмилалиро таъмин намоянд;

— Кишварҳои хориҷие, ки бадахшониҳо бо сабаби вайрон кардани режими раводид ё бо дигар сабабҳо дастгир шудаанд ва онҳоро ихроҷ ё истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, бояд бо назардошти оқибатҳои ба ҳаёт таҳдидкунандае, ки дар Тоҷикистон дучор мешаванд, аз он худдорӣ кунанд.

ПМТ вазъи ВМКБ ва Тоҷикистонро бодиққат пайгирӣ карда, дар ҳолати зарурӣ бо дарназардошти он, ки вазъ чӣ гуна таҳаввул хоҳад ёфт, бо интишори изҳорот навсозӣ хоҳад кард. Раҳбарияти ПМТ барои дидору гуфтугӯ бо ҳама ҷонибҳо, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои хусусии манфиатдор дар ҳалли таъқибу саркӯбии бесобиқаи бадахшониҳо аз ҷониби режими саркубгари Тоҷикистон, омода аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон

01.06.2022

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад