Бунёди минтақаи тиҷоратӣ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Иштирокчиёни форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар имзо карданд.

Иштирокчиёни форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар имзо карданд.

Тоҷикистон ва Ӯзбакистон қасд доранд, дар ояндаи наздик як минтақаи тиҷорӣ ва саноатии марзӣ эҷод кунанд. Он дар назди гузаргоҳи “Ойбек” ва “Фотеҳобод” ташкил хоҳад шуд.

Дар ин бора дар пайи мулоқоти муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов маълум шуд.

Минтақаи савдою саноатӣ корхонаҳои истеҳсолӣ, логистика ва зерсохтори тақсимоти яклухтро дар бар мегирад.

Иштирокчиёни вохӯрӣ қайд карданд, ки дар 5 соли охир гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 3 баробар афзоиш ёфтааст.

Давлаталӣ Саид ва Сардор Умурзоқов аз талоши ҷонибҳо барои ба як миллиар доллар расонидани тиҷорат миёни кишварҳо хабар доданд.

Иштироккунандагони ҷаласа гуфтанд, ки миёни кишварҳо ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва корхонасозӣ босуръат пеш меравад.

Ба ин тартиб дар Тоҷикистон 64 корхона бо сармояи Ӯзбекистон ва дар кишвари ҳамсоя 252 ширкати тоҷикӣ фаъолият доранд.

Илова бар ин намояндагони баландмақоми кишварҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба бунёди иқтидорҳои нави тавлиди энергияро баррасӣ карданд, таъкид кард дафтари матбуотии Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ширкаткунандагони ҳамоиши тиҷории Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар Тошканд баргузор шуда буд, 75 санади тиҷоративу иқтисодиро ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расонида буданд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омадааст :

Санадҳои нави имзошудаи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз фарҳанг то мубориза бо пулшӯиро дар бар мегиранд.

Дар ҳошияи сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла 7 созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳо имзо шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими имзои санадҳо баъди музокироти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакаш, Шавкат Мирзиёев сурат гирифт.

Манбаъ афзуд, ки нахуст роҳбарони давлатҳо “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон” – ро имзо гузоштаанд. Сипас дар ҳузури онҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаст.

Дар феҳрасти санадҳои нав, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Узбакистон оид ба ҳамкорӣ дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом зикр шудаст.

“Харитаи роҳ” оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах барои солҳои 2022-2023 аз санадҳои дигар мебошад. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Узбакистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ низ имзо шудааст.

Созишномаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои фарҳанг барои солҳои 2022-2023, ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни вазорати рушди иқтисод, Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкориҳои саноатӣ аз ҷумлаи санадҳои нав имзошуда мебошанд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки дар дар маҷмуъ дар ҳошияи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад