Э. Раҳмон ба Ӯзбекистон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 2 июн бо як сафари расмӣ роҳии Ӯзбекистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 2 июн бо як сафари расмӣ роҳии Ӯзбекистон шуд.

Қарор аст ин сафар ду рӯз идома кунад ва санадҳое байни ду кишвар имзо шаванд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар ин сафар Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Бонки миллӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд :

Маросими истиқболии расмии президенти Тоҷикистон дар назди қасри “Куксарой”, дар шаҳри Тошканд бо иштироки роҳбари кишвари мизбон баргузор шуд.

Дар маросими расмии истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сурудҳои миллии ду кишвар садо дод, муаррифии ҳайат сурат гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар назди қасри “Куксарой” ҳамтои ӯзбекистонияш Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард.

Манбаъ афзуд, ки маросими истиқболи расмӣ гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии Ӯзбекистонро фаро гирифт.

Сипас роҳбарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуда, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат маросими расмии истиқбол анҷом ёфт.

Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.

Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” сафар намудаанд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад