Песков: нефтамонро арзон намефурӯшем

Сухангӯи президенти Русия дар вокуниш ба барномаҳои Иттиҳодияи Аврупо барои хариди нефти ин кишвар ба қимати камтар аз баҳои бозор гуфт, Русия қарор нест манобеи худро бо зарар ба фурӯш бирасонад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл имрӯз бо изҳори назар дар бораи барномаҳои Иттиҳодияи Апрупо барои хариди нефти Русия ба баҳои камтар аз бозор гуфт, Русия қарор нест манобеи инержии худро бо зарар ба фурӯш бирасонад.

Ҷо Байден рӯзи гузашта гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли баррасии имкони хариди нефти Русия, аммо бо қимати маҳдуд ҳастанд то суди Маскавро коҳиш диҳанд.

Песков гуфт, бо вуҷуди мушкилоте, ки таҳримҳо ба вуҷуд овардаанд ҳама чизро бозор танзим мекунад. Албатта Русия чизеро бо зарар намефурӯшад агар ҷое дархост коҳиш ёбад, ҷое афзоиш ёбад талабот баррасӣ мешаванд.

Бар асоси гузоришҳо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои таҳрими нефти Русия ба тавофуқ расидаанд ва ин фишори ҳадди аксариро омиле барои поён додан ба ҷанги Русия ва Украина медонанд.

Президенти Хорватия гуфт, таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо танҳо сабаби хандаи Путин хоҳад шуд ва паёмадҳои онро танҳо шаҳрвандони аврупоӣ таҳаммул хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад