Бозтоби густардаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон дар расонаҳои кишвар ва минтақа

Сафари расмии раисҷумҳури кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар расонаҳои кишвар ва Осиёи Маказӣ бо бозтоби густардае ру ба ру шуда аст.

Расонаҳои кишвар ва минтақа зимни ахбор ва гузоришҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эронро ба таври густарда пушиш дода аст.

Хабаргузории миллӣ Тоҷикистон “Ховар” дар мавриди ин сафар ва дидору музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти олии Эрон ҳудуди 10 маврид хабару гузориш мунташир карда аст.

Дар гузориши марбут ба дидори раисҷумҳури кишвар бо Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон омада аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавози самимона изҳори сипос кард ва гуфта аст, ки Тоҷикистон ҳомии идомаи гуфтугӯҳои созанда ва муассир дар сатҳи олии ду кишвар аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша хоҳони тавсеаи рузафзуни равобити миёни ду кишвар дар арсаҳои гуногун ва дар руҳияи ҳусни тафоҳум, мушорикат, ҳамёри, эҳтироми мутақобил аст.

Дар гузориши дигари аз ин хабаргузори мабни бар дидори раисонҷумҳури кишвар ва Эрон ва ҳамчунин музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар омада аст: Таҳким ва тавсеаи равобит ва ҳамкори бо Эрон аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи вижаи сиёсти хориҷии Душанбе қарор дорад. Бин бар ин тақвияти гуфтугӯҳои созандаи сиёсӣ миёни ду давлат мубтани бар ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтиром бо арзишҳои муштараки таърихӣ муҳим арзёби мешавад.

Ҳамчунин ишора шуда аст, ки Тоҷикистон ва Эрон аз тавсеаи ҳамкориҳои парлумонӣ, фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ, густариши таъомулоти дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳамлу нақл, энергетика, саноат, имлмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ ҳимоят мекунанд бино бар ин афзоиши фаъолияти комисиони муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фанни ва фарҳангӣ, таҳия ва тасвиби барномаи баландмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то соли 2030 ва эҷоди утоқи муштараки тиҷоратӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Эрон ва ҳамчунин шӯрои муштараки сармоягузори зарури аст.

Дар гузориши дигари ин хабаргузори сохти тунели Истиқлол ва неругоҳи барқи обии Сангтудаи-2 дар Тоҷикистон намунаи ошкори ҳамкориҳои мусмири самар миёни ду кишвари дуст унвон ва бар лузуми идомаи ин масир ишора шуда аст.

Шоёни зикр аст, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар, Сафина, Ҷаҳоннамо, гузориши комил ҳудуди 40 дақиқа ҷараёни сафар, дидорҳо ва муҳтавои музокироти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шуд, ки дар он борҳо аз Эрон ба унвони кишвари дуст бародар ва ҳамзабон ёд шуда аст.

Радиои миллӣ дар канори пахши ахбори марбут ба ин сафар ҳамчунин се барномаи таҳлили пахш кард ва ба баррасии ҷанбаҳои мухталифи равобити миёни ду кишвар пардохта аст.

Дар барномаи таҳлили Тафсири рӯз дар мавриди аҳамият ва натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон коршиносон изҳори назар карда ва ба ин нукта ишора доштанд, ки ду кишвар бо доштани иштирокоти бисёр фаровони таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ва ҳамчунин фурсатҳо ва чолишҳои муштарак маҳкум ба ҳамкори ва ҳамсӯӣ аст.

Ба бовари меҳмонони ин барнома сафарҳои анҷомшуда дар як соли ахир дар сатҳи мақомоти олии ду кишвар баёнгар аз вуҷуди иродаи қотеъ барои тағири вазъияти равобит буда ва натиҷаҳои он натанҳо ба нафъи ду кишвар балки ба нафъи тавсеа, субот ва амнияти минтақа низ хоҳад буд.

Меҳвари аслии барномаи таҳлилии “Иқтисод ва молияи” ин радио баррасии ҷанбаҳо ва натоиҷи иқтисодии сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон буд ва меҳмонони барнома ибрози итминон карданд, ки Эрон бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои болои иқтисодии худ метавонад дар солҳои наздик ҳамонанди гузашта начандон дур дар ҷойгоҳи яке аз шарикони муҳими иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон қарор гирад.

Нашрияи “Бозтоб” аз дигар барномаҳои ин радио аст, ки дар он низ ба таҳлили абъоди мухталифи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохта шуда аст. Аз ҷумла бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии минтақа ва ба хусус ҳузури гуруҳҳои мутаъадиди террористӣ ва ифротӣ дар Афғонистон оғози ҳамкориҳои дифоъӣ ва низомӣ байни ду кишвар иқдоми ба мавқеъ ва роҳбурди тавсиф шуда аст.

Шоёни зикр аст, ки рузномаи давлатии “Ҷумҳурият” низ ба ин сафар таваҷҷуҳи хос нишош дод ва чандин хабар ва гузориш мунташир карда аст.

Хабаргузории Азия Плюс, ки яке аз расонаҳои шинохта шудаи ғайри давлатии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ аз кишвар аст иқдом ба нашри чандин хабар ва гузориш дар мавриди натоиҷи дидорҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари инқилоби исломӣ, раиси ҷумҳур, муъовини аввали раиси ҷумҳур ва раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ карда аст.

Ин расонаҳо ҳамчунин санадҳои ҷадиди ҳамкори дар ин сафарро муҳим дониста ва феҳрасти ин санадҳоро бар рӯи саифаи худ қарор дода аст.

Дар матлаби Азия Плюс таҳти унвони таваҷҷуҳи Эмомалӣ Рамҳон ба истифода аз бандарҳои дарёӣ Эрон омада аст, ки раисҷумҳури кишвар дар сафари худ ба Теҳрон нисбат ба дастрасӣ ба бандарҳои дарёӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аз ҷумла Чобаҳор ва Бандарабос ҷиҳати интиқоли коло ва маҳсулоти тавлидии Тоҷикистон таваҷҷуҳ нишон дод. Дар ин росто ба авсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва мубодилоти бозаргонӣ ва ҳамчунин тавсеаи зерсохтори ва пайвастан ба шабакаҳои ҳамлу нақли ду кишвар таъкид шуд.

Дар ин гузориш ҳамчунин ба беҳбуди чашмгири таъомулоти иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар беш аз як соли ахир ишора ва ибрози умедвори шуда аст, ки бо анҷоми сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин раванд аз суръати беҳтар ва бештар бархурдор хоҳад шуд.

Сомонаи Академи расонаҳои гуруҳии Тоҷикистон хабари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Эронро бо титри “Зиндабод дустии Тоҷикистон ва Эрон” мунташир карда аст, ки ҷолиб ба назар мерасад.

Зимнан пойгоҳҳои иттилоърасонии бештар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон низ ахбор ва гузоришҳои сафари Эмомалӣ Рамҳонро пушиш доданд, ки иқдоми бесобиқа дар равобит аст.

Аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон бештар сомонаҳои хабари ва таҳлили “Диялог, Авесто, Имрӯз, Ахбори Тоҷикистон, ва ҳамчунин радиоҳои Азия Плюс, Ватан, Ховар, Навои Радио, ва сомонаи Спутники Тоҷикистон” ба таври фаъол ахбори ин сафарро бозтоб доданд.

Нуктаи шоёни зикр ин аст, ки бештари корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоъӣ ба сурати бисёр густарда аз сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ҳимоят ва таъкид карданд, ки равобити содиқона дар шаъни ду миллат ва кишвари ҳам забон аст ва дигар набояд маҷол дод то миёни ду бародар сарди ва бе эътимоди эҷод шавад.

Корбарони дар тавсифи дустии Тоҷикистон ва Эрон аз иборатҳои монанди ” ҳамхун, ҳамзабон, ҳамреша, ду бародар аз як падару модар” ва… истифода карданд.

Бархе ҳам эҳсоси гарми худро бо шиъорҳои монанди: “Пайванди ду миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабон пойдор ва ҷовидон бод!”

“Поянда бод дустии Тоҷикистон ва Эрон” “Тапад бо ҳам дили тоҷику эронӣ” ” Об агар садпора гардад боз ҳам ошност!” баён карданд.

Бознашр аз сомонаи Парстудей

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад