Масоили гуфтугӯи Раҳмону Раисӣ маълум шуд

Душанбе ва Теҳрон интизори як гуфтугӯи таърихӣ ҳастанд, ки натиҷаи он метавонад чанд созишнома дар бахшҳои гуногун ба имзо расанд

РИА Новостӣ хабар медиҳад: Пас аз ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон музокирот дар сатҳи олӣ дар назар аст.
“Дар ҷараёни музокироти дар сатҳи олӣ ба нақша гирифташуда, дар назар аст, ки дурнамои равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Теҳрон баррасӣ шавад”.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқот як қатор санадҳои марбут дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг ба имзо расонанд.
Гуфта мешавад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ду рӯз давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Раисҷумҳури кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Русмати Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

президенти  кишварро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия ҳамроҳӣ карданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ сафар намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода низ ҳузур дорад.
Ёдовар мешавем, ки Сайид Иброҳим Раисӣ се маротиба ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад