Як ҳавопаймои мусофирбари Непал нопадид шуд

Як ҳавопаймои мусофирбар бо 22 мусофир пас аз 15 дақиқа парвоз дар ғарби Непал аз саҳифаи радар нопадид шуд.

Мақомоти Непал рӯзи якшанбе (имрӯз) аз нопадид шудани як ҳавопаймо дар ғарби ин кишвар хабар доданд.

Аз сарнавишти ҳавопаймое, ки аз шаҳри Похара ба мақсади Ҷомсом дар ғарби Непал дар ҳаракат буд, хабаре дар даст нест.

Минтақаи ғарби Непал як макони мавриди таваҷҷӯҳи гардишгарон ва кӯҳнавардони хориҷӣ мебошад ва ҳамчунин ин минтақа макони ибодати будоиёни ҳиндӣ ва непалӣ аст.

Мақомоти Непал ва расонаҳо то ҳол дар бораи миллияти мусофирони ин ҳавопаймои нопадид шуда дар ғарби ин кишвар хабар ва иттилоотеро нашр накаррдаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад