Чин: Таҳдидоти НАТО омили ҳамлаи Русия ба Украина буд

Як дипломати чинӣ гуфт, аз диди Пекин, густариши НАТО ба самти шарқи Аврупо таҳдиде барои Русия буд ва ба ҳамин далел ба ҳамлаи Русия ба Украина мунҷар шуд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Лу Шайе”, сафири Чин дар Франса рӯзи ҷумъа гуфт, тавсеаталабии НАТО ба самти шарқи Аврупо ба ҷанги Русия алайҳи Украина мунҷар шуд.

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, “Лу Шайе”, дар мусоҳиба бо як шабакаи радиои Аврупо гуфт: «аз диди чиниҳо, иллати [ин ҷанг] панҷ ҳалқаи густариши НАТО ба самти шарқ аст. Ин иқдом таҳдиди амниятӣ ва низомӣ барои Русия аст».

Ин дипломати чинӣ хитоб ба ғарбиҳо гуфт: «наметавонед аз тариқи мамнуъ кардани иқдоми талофиҷуёна ё дифоъ аз худ, амнияти кишвареро таҳдид карда ё саркӯб кунед».

Ӯ мутазаккир шуд Чин «широкати роҳбурдии бисёр мустаҳкаме» бо Маскав дорад, аммо Пекин дар қиболи Украина бо Маскав иттиҳоде надорад ва таҳаррукоти Чин ва Русия дар вокуниш ба таҳарукоти Амрико ҳастанд.

Вай бо муттаҳам кардани Амрико ба иттихози «роҳбурди маҳори Русия ва Чин» тавзеҳ дод: «дар мавриди масъалаи Тайван, Амрикоиҳо ба шакли аланӣ эълом кардаанд ҳадафи роҳбурдии онҳо Чин аст. Мо дар мавриди ин ҷангталабиҳо бисёр нигарон ҳастем».

Дар ҳамин иртибот “Ши Ҷинпинг”, раиси ҷумҳури Чин рӯзи душанбе дар тамоси видёӣ бо “Олаф Шултс”, садриаъзами Олмон гуфт: «бояд тамоми талошҳоро ба кор гирифт то аз ташдиди таниш ва густариши даргириҳои Украина, ки мумкин аст ба вазъияти ғайри қобили мудирият табдил шавад, ҷилавгири шавад».

Ши Ҷинпинг, ҳамчунин бо ҳушдор дар ин замина, ки «буҳрони Украина бори дигар амнияти Аврупоро дар як мақтаъи ҳаёти қарор дода аст», бар ҳимояти Чин аз ҳали мусоламатомези ин даргириҳо таъкид кард.

Мусоҳибаи сафири Чин дар Фаронса пас аз он анҷом шуда аст, ки “Энтони Блинкен”, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи гузашта дар як суханрони иддаоҳо алайҳи Чинро такрор карда ва аз роҳандозии марказе барои ҳамоҳангии муқобила бо ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Энтони Блинкен, бо инки ҷаҳон бо ҷанг дар Украина даступанҷа нарм мекунад, ҳамчунон Чин «ҷидитарин чолиши дароз муддат барои назми байналмилалӣ маҳсуб мешавад» ва ҳамчунин муддаӣ шуд «чашмандози Пекин моро аз арзишҳои ҷаҳоне, ки зарфи 75 соли гузашта пешрафтҳои зиёдеро дар ҷаҳон рақам зада аст, дур хоҳад кард».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад