Тазоҳурот дар Техас алайҳи озодии силоҳ дар Амрико

Ҳамзамон бо баргузории нишасти солонаи Анҷумани миллии силоҳ дар Техаси Амрико, даҳҳо ҳазорр нафар ба нишонаи эътироз ба хиёбонҳои маҳалли баргузории нишаст омаданд.

Дар ҳоле, ки танҳо чанд рӯз аз ҳодисаи даҳшатноки куштори дастаҷамъонаи кӯдакон дар мактабе дар Техаси Амрико мегузарад, нишасти солонаи Анҷумани миллии силоҳ дар Техас баргузор шуд ва даҳҳо ҳазор нафар ба нишонаи эътироз ба хиёбонҳо омаданд.

Бар асоси гузориши Гардиян, ҳамзамон бо нишасти солонаи Анҷумани миллии силоҳ дар Техас, ҳудуди 55 ҳазор нафар ба нишонаи эътироз ба ин Анҷуман ва иқдомоти он барои густариши хушунат дар Амрико ба хиёбонҳо омаданд.

Дар ин эътирози бузург, гуруҳҳои мухталифи мардум аз ҷумла хонаводаҳои қурбониёни хушунатҳои мусаллаҳона ва фаъолони созмонҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорон иштирок ҷуста ва аз раҳбарони ҷумҳурихоҳ хостанд то сиёсатҳои кантроли силоҳро тағйир диҳанд.

Доналд Трамп, президенти собиқи Амрико дар ҷараёни суханронӣ дар ин анҷуман гуфт, ки бояд ба ҷои тасвиби қонуни маҳдудияти силоҳ дар Амрико сатҳи амнияти мактабҳоро афзоиш диҳем.

Илова бар Трамп аъзои дигари Анҷумани миллии силоҳ ҳам бо қонуни таҳдудияти ҳамли силоҳ дар Амрико мухолифат карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки танҳо чанд рӯз пас аз ҳодисаи даҳшатноки куштори дастаҷамъонаи кӯдакон дар мактабе дар Техас, ки дар пайи он 19 донишомӯз ва 2 муаллим кушта шуданд, полиси ин шаҳр наврасеро ба иттиҳоми ҳамли силоҳ дар дохили мошинаш дар наздикии тактабе боздошт кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад