ПМТ даст доштанаш дар ҳаводиси Бадахшонро «тӯҳмат» хонд

Паймони миллии Тоҷикистон ПМТ бо пахши баёнияе иттиҳомоти мақомот алайҳаш  мабнӣ ба “созмондиҳӣ ва маблағгузории эътирозҳои Бадахшон”-ро қотеъона рад карда, онро “тӯҳмат” ва “бесос” номид.

Паймони миллии Тоҷикистон ПМТ бо пахши баёнияе иттиҳомоти мақомот алайҳаш  мабнӣ ба “созмондиҳӣ ва маблағгузории эътирозҳои Бадахшон”-ро қотеъона рад карда, онро “тӯҳмат” ва “бесос” номид.

Ҳамчунин эътилофи мухолифин “эътирофҳо”-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашовро, ки дар “филм”-и мақомот бо унвони “Шикасти фитна” садо дод, гирифташуда “таҳти шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ” дониста онро “як ҷинояти зидибашарӣ” номид.

Матни комили байнияи ПМТ ин аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон тӯҳматҳои равонашуда ба худи эътилоф ва ба Муовини Раиси он Алим Шерзамоновро оид ба созмондиҳӣ ва маблағгузории эътирозҳои Бадахшон қотеъона рад намуда, онҳоро беасос медонад.

Ҳамзамон таҳти шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ қарор додани Улфатхоним Мамадшоева ва Генерал Холбаш Холбашовро барои гирифтани «эътирофҳо»  зидди худ ва дигар афроди бегуноҳ як ҷинояти зидибашарӣ медонад, ки ҳамеша аз тарафи мақомоти қудратии кишвар амалӣ мешавад.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз талабҳои қонунӣ ва одилонаи ҳамаи мардуми кишвар, аз ҷумла, сокинони Бадахшон барои даст ёфтан ба ҳуқуқҳояшон ҳамеша пуштибонӣ кардааст ва хоҳад кард. Ҳамзамон, ПМТ тамоми талоши худро хоҳад кард, ки афроди дастдошта дар қатли омми мардуми бесилоҳ, саркубгарӣ ва шиканҷаҳо ба ҷазои сазовори худ дар назди қонун ва миллат бирасанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

26.05.2022

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Пойгоҳи Pamir Daily News, ки хабарҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, аз кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров хабар дод.

Дар хабари пойгоҳ омадааст

« Рӯзи якшанбе дар Хоруғ, наздики маҳаллаи Бойне аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд».

Манбаъ иттилоъи бештаре дар ин бора намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии «Ховар» хабари шаҳодати Маҳмадбоқирро тасдиқ карда, сабаби онро муноқишаи дохилӣ номидааст:

«Рӯзи якшанбе соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд, навиштааст «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад