Бритониё гуфт: масъалаи Хоруғ ва Рӯшонро ба САҲА кашонда аст

Як дипломати бритониёӣ ҳодисаҳои як ҳафтаи охирро дар Хоруғ ва  Рӯшон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) кашонд.

Як дипломати бритониёӣ ҳодисаҳои як ҳафтаи охирро дар Хоруғ ва  Рӯшон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) кашонд.

Дар ҳоле ки худи созмон ҳеч вокунише накард, Дейрдре Браун, муовини раиси ҳайати Бритониё дар САҲА, рӯзи 26-уми май дар ҷаласае гуфт, аз талафоти бештари мардум дар Бадахшон нигаронанд.

Вай гуфт :

“Мо таҳаввулотро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бодиққат пайгирӣ мекунем ва аз гузоришҳо дар бораи боздоштҳо ва ҳамла ба хабарнигорон нигарон ҳастем “.

Браун афзуд, изҳороти намояндаи САҲА-ро дар умури озодии расонаҳо такрор мекунанд, ки 18-уми май ба қатъи озору азияти хабарнигорон ва фароҳам овардани шароит барои гузоришдиҳии озодона дар бораи масъалаҳои муҳими ҷомеа даъват карда буд.

Дейрдре Браун афзуд :

“Мо дар баробари дигарон ба ҳукумати Тоҷикистон гӯшзад мекунем, ки вазифаҳои худро дар мавриди риояи ҳуқуқи одамон иҷро кунад “.

Ӯ, ки дар ҷаласаи САҲА сухан меронд, гуфт, “гузоришҳо дар бораи тарсондан ва таъқиби шаҳрвандону журналистон суръати одӣ шудани авзоъ ва бозгашт ба ҳаёти муқаррариро суст мекунад.”

Дейрдре Браун ҳамзамон аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, ҳарчи зуд дастрасиро ба шабакаи ҷаҳонӣ дар минтақа таъмин кунад.

Ин намояндаи Бритониё мегӯяд, кишвараш аз таҳқиқи ҳамаҷониба ва шаффофи рӯйдодҳои Бадахшон ва пешниҳоди натиҷаҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқбол хоҳад кард.

Вай хулоса кард :

“Мо аз ҳамаи тарафҳо мехоҳем, ки зудтар барои поин овардани шиддати авзоъ кӯшиш кунанд ва аҳдҳои додаи худро ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамаҷониба иҷро намоянд ” .

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо кас куштаву захмӣ ва беш аз сад кас дастгир шудаанд. Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад