Керемл: Рӯйкарди русҳаросӣ дар расонаҳои ғарбӣ ҳоким аст

Сухангӯи Кохи Керемл бо интиқод аз набуди рӯйкарди айнигароёна дар расонаҳои ғарбӣ нисбат ба ҷанги Украина, изҳороте дар бораи тарҳи Италия барои ҳаллуфасли ин даргириро рад кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи риёсати ҷумҳурии Русия имрӯз (чаҳоршанбе) гуфт дар расонаҳои ғарбӣ, камбуди иттилооти айнӣ дар мавриди ончи дар Украина иттифоқ меафтад, вуҷуд дорад.

Дмитрий Песков, тайи нишасти хабарии рӯзона дар Керемл тавзеҳ дод: «албатта рӯйкарди русҳаросӣ ҳамчунон дар ҳавзаи иттилоотӣ ҳоким ва ғолиб аст, рӯйкарде, ки мубтанӣ бар талош барои таҳлили айнии рухдодҳо дар Украина нест».

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости”, вай дар инбора изҳор дошт: «албатта мо мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ ҳастем. Мо ҳамаи расонаҳо аз ҷумла расонаҳои ғарбиро расад мекунем. Аммо мутаасифона ҳанӯз чунин иттилооти айнӣ дархсуси вақойеъи Украина бисёр кам аст, камбуди ҷиддӣ дар ин замина вуҷуд дорад».

Сухангӯи Керемл дар идома, бархе гузоришҳо ва изҳори назарҳо дар бораи тарҳи Италия барои ҳаллуфасли даргириҳои Украинаро рад кард ва гуфт Керемл ҳануз матни расмии тарҳи Италия барои ҳаллуфасли Украинаро дарёфт накарда аст.

Песков дар посух ба саволе дар бораи изҳороти “Дмитрий Медведев”, муовини шӯрои амнияти миллии Русия тавзеҳ дод: «албатта, ин як мавзеъи бисёр муҳим аз сӯи Дмитрий Анатолевич аст, аммо дар инҷо мехоҳам мунсифона бигӯям, ки мо чунин ахбореро дар расонаҳо дидаем вале ҳанӯз онро дарёфт накардаем».

РИА Новости, дар хабари дигаре ба нақл аз вай навишт: «шояд онҳо (Италия) феълан аз тариқи каналҳои дипломатик дар ҳоли ироаи ин пешниҳод ҳастанд. Мо ҳанӯз бояд аз наздик бубинем, ки чӣ чизе ба сурати расмӣ хоҳад омад».

Сухангӯи Керемл ҳамчунин дар мавриди гузоришҳое, ки дар расонаҳо мунташир шуда, изҳори назар накард ва ба хабарнигорон тавсия дошт феълан мунтазири иттилооти расмӣ бошанд.

Рӯзномаи “Республика” чопи Рум ҳафтаи ҷори гузориш дод, ки нахуст вазири Италия як тарҳи сулҳ чаҳорбандӣ барои Украинаро ба “Антонио Гутерриш”, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳвил дода аст.

Песков, дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳояш гуфт мавзӯъи қудратманд шудани воҳиди пули Русия «рубл» дар ҷаласоти иқтисодии “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури ин кишвар матраҳ мешавад зеро мавриди таваҷҷӯҳи вижаи кобина аст.

Ба навиштаи РИА Новости, вай дар инбора изҳор дошт: «мавзӯъи рубли қавӣ ба таври мудовим дар ҷаласоти иқтисоди матраҳ мешавад. Раиси ҷумҳур Путин он ҷаласаҳоро ҳар ҳафта баргузор мекунад. Албатта ин исботи барои таваҷҷӯҳи вижа ба тадовуми раванди тақвияти рубл аст. Давлат рӯи ин мавзӯъ кор мекунад то саботи иқтисоди калон таъмин мешавад».

Имрӯз ҳамчунин “Андрей Роденко”, муовини вазири хориҷаи Русия зимни эъломи омодагӣ барои кӯмак ба хурӯҷи киштиҳои ҳомили маводди ғизоӣ аз банодири Украина, гуфт барои ҷилавгирӣ аз буҳрони ғизоӣ бояд таҳримҳо бардошта шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад