Нақшаи нави Амрико дар Ҳинду уқёнуси Ором бар бод рафтанист

Чин бар ин бовар аст, ки нақшаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳинду уқёнуси Ором ноком буда ва бар бод рафтанист.

Вазири умури хориҷаи Чин гуфт, нақшаи стратегии Амрико дар Ҳинду уқёнуси Ором сабаби ҷангафрӯзӣ ва вайронкунандаи сулҳу осоиши ин минтақа хоҳад буд.

Ин масъаларо вазири умури хориҷии Чин, дар як нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ дар Гуанҷоу дар ҷануби Чин изҳор дошт.

Ба фикри дипломати чинӣ, халкхқҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором аз ҷанҷолҳое, ки гегемонисозӣ боиси он шуда метавонад, нагз медонанд ва аз ин рӯ барои сулҳу осоиши миллӣ ва ҳаёти хушбахтона кӯшиш мекунанд.

Вай қайд кард, ки ин кишварҳо қасди интихоби касеро надоранд, тамоюли аслӣ дар минтақа мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ ва бунёди ҷомеаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо сарнавишти муштарак боқӣ мемонад.

“Далоил собит хоҳанд кард, ки стратегияи ба истилоҳ Ҳинду Уқёнуси Ором аслан як стратегияи эҷоди ихтилоф, барангехтани зиддият ва халалдор кардани сулҳ аст. Новобаста аз он ки ин стратегия чӣ гуна муаррифӣ мешавад, дар ниҳоят ноком хоҳад шуд”, – гуфт Ван И.

Ба андешаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида дар зери шиори “озодӣ ва ошкорбаёнӣ” дар ҳақиқат дар минтақа гуруҳҳо ташкил карда, давлатҳои ин минтақаро ба хизмати гегемонияи худ гузоштан мехоханд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад