Монеаҳои рушди содирот маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ

Муовини директори Агентии яке аз монеаи аслиеро номбар кард, ки монеаи рушди содирот маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ шудааст.

Муовини директори Агентии яке аз монеаи аслиеро номбар кард, ки монеаи рушди содирот маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ шудааст.

Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содирот дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, чанд монеаҳо дар рушди содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи вай, ширкатҳое ба истеҳсол, коркард, хариду фурӯш машғуланд сомонаҳои интернетӣ надоранд, ки харидор аз онҳо лоақал маълумоти аввалиндараҷа гирад.

Раҳимзода гуфт :

“Ҳоло дар замони муосир тағйири вазъи геополитикии ҷаҳон аз ҳама роҳи беҳтар барои содироти на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмуъ, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ муаррифии молу маҳсулот тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст”.

Вай афзуд, Тоҷикистон бояд савдои рақамиро авлавият диҳад.

Вай қайд кард :

“Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори соҳа имкониятҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда самаранок истифода бурда шаванд. Ҷорӣ намудани механизмҳои маблағгузории содирот ва пеш аз содирот, суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва хавфҳо бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ низ, диққати ҷиддиро тақозо менамояд”.

Ҳамзамон вай илова кард, ки таъмини платформаи савдои берунаи электронӣ ба инобат гирифтани махзани маълумот дар бораи содироткунандагони ватанӣ, мусоидат ба субъектҳои соҳибкорие, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротӣ машғул буда, ба платформаҳои электронии пешсафи савдои байналмилалӣ дастрасӣ доранд, бо таври лизинг харидани автомашинаҳои махсус (рефрижаторҳо) барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ, аз манфиат холӣ нест.

Муовини директори Агентии содирот зикр кард, ки Барои зиёд намудани ҳаҷми содирот дар баробари таъмини шароити нигоҳдории маҳсулот, инчунин, ташкили марказҳои логистикиву хариду фурӯши яклухти молҳо ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои нав зарур мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба аз худ кардани таҷрибаи ҳамкасбони рус ва зиёд кардани содироти сабзавоту мева ба Русия манфиатдор аст.

Дуюмин соҳаи калонтарини иқтисоди Тоҷикистон баъд аз саноат — кишоварзӣ ҳамаи душвориҳоро бомуваффақият бартараф карда, нишондиҳандаҳои худро баланд мебардорад.

Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини раиси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар чорчӯби ҳамоиши байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар Душанбе изҳор дошт.

Нигина Анварӣ қайд кард :

“Ба он (кишоварзӣ – шарҳ аз идора) 4 ҳиссаи ММД-и кишвар рост меояд. Дар давраи пандемияи корона бахши кишоварзӣ на танҳо ба буҳрон тоб овард, балки тамоюли афзоиши беш аз 6%-ӣ нишон дод”.

Ба гуфтаи вай, сол то сол мизони интиқоли меваю сабзавот ба бозорҳои кишварҳои ИДМ афзоиш меёбад. Имкони содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия махсусан таъкид шудааст.

Вай ҳамчунин иқлими мусоиди Тоҷикистонро қайд кард, ки имкон медиҳад, дар як сол то се ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Ин имкони содиротии кишварро афзоиш медиҳад.

Дар мавриди рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ байни кишварҳо Нигина Анварӣ аз имконоти вилоятҳои Самара ва Челябинск дар истеҳсоли ғалладона ва зироатҳои равғанӣ ёдовар шуда, ба дурнамои ҳамкориҳо дар ин хусус таъкид кард.

Ба гуфтаи муовини вазир, Тоҷикистон ба омӯзиш аз ҳамкасбони рус ва сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

Вай гуфт :

“Айни замон дар низоми кишоварзӣ низоми соддакардашудаи андозбандӣ татбиқ карда мешавад”.

Дар Тоҷикистон воситаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ ва моҳӣ, тухмӣ, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ барои бунёди гармхонаҳо ва ҳамчунин бахши коркарди пахта аз пардохти боҷи гумрукӣ ва як қатор навъҳои андоз озод шудаанд.

Нигина Анварӣ пешниҳод кард, ки ҷуғрофиёи ярмаркаҳои Тоҷикистон дар саросари Русия густариш ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад