Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба шаҳодат расид

Пойгоҳи Pamir Daily News, ки хабарҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, аз кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров хабар дод.

Пойгоҳи Pamir Daily News, ки хабарҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, аз кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров хабар дод.

Дар хабари пойгоҳ омадааст

« Рӯзи якшанбе дар Хоруғ, наздики маҳаллаи Бойне аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд».

Манбаъ иттилоъи бештаре дар ин бора намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии «Ховар» хабари шаҳодати Маҳмадбоқирро тасдиқ карда, сабаби онро муноқишаи дохилӣ номидааст:

«Рӯзи якшанбе соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд, навиштааст «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Пас аз куштори дирӯзаи мардум дар Рӯшон, мақомот ҷасадҳои 17 нафар аз ҷавонони кушташударо ба наздиконашон супоридаанд.

Дар ин бора Pamir Daily News бо истинод ба наздикони кушташудагон хабар медиҳад.

Як сокини Вамар ба манбаъ гуфтааст :

“Дар умум 17 ҷасадро бо нишонаҳои шиканҷа ва ҷароҳат имрӯз ба наздиконашон таслим карданд. Бештари онҳо ҳанӯз дирӯз маҷрӯҳ шуда буданд, аммо нишонзанҳо (снайперҳо) одамонро ба назди онҳо роҳ намедоданд, то наҷоташон диҳанд. Танҳо сарбозони худашонро гирифтанд. Ин бачаҳои ҷавон тамоми рӯз хунравӣ доштанд ва билохира ҷон доданд”.

Ин хабарро як манбаъи Паём низ тасдиқ кард ва гуфт аҷсоди чанд нафар аз ҷавононеро, ки дирӯз боздошт карда буданд, имрӯз бо нишонаҳои шиканҷаи шадид ба наздиконашон додаанд. Ҳамчунин аксе се нафар аз шаҳидони куштори дастаҷамъии дирӯз дастраси Паём шуд.

Pamir Daily News бо истинод ба сокини дигари маҳаллӣ хабар медиҳад, ки “боздоштҳои саросарӣ дар Вамар ва деҳаҳои атрофи он идома дорад. Силоҳбадастон ба хонаҳо ворид мешаванд ва бидуни истисно ҳамаи мардонро бо худ мебаранд. Аз боздоштшудаҳо телефонҳояшонро мегиранд, зоҳиран намехоҳанд далелҳои ҷиноёти ҷангӣ нашр шаванд. Далелҳои тасдиқшудаи ғорату дуздӣ мавҷуданд — аз хонаҳо баъди ворид шудани низомиён пул ва тиллову дигар ашёи гаронбаҳо ғайб задаанд. Ба хотири амният номи зарардидаҳоро гуфта наметавонем. Вазъ дар Вамар хеле вахим аст”.

Ҳамчунин низомиёни як бемори рӯҳиро низ «террорист» эълом карда мепарронанд. Дирӯз корбарони шабакаҳо аз марги ин маъюб хабар дода буданд, аммо имрӯз маълум шуд ӯ танҳо маҷрӯҳ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз низомиёни режими Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми осоишта дар Рӯшон ва Хоруғ ҳамла карда чанд куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд. Ҳамла дар Хоруғ  бо тӯпхона ва дигар силоҳҳои вазнин ҷараён гирифт.

Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, пас аз ҳозир нашудани ҷавонони Рӯшон барои кушодани роҳ ба низомиёне, ки ба самти Хоруғ равон буданд, низомиён бо силоҳи гарм ба сӯи тазоҳургарон оташ кушодаанд. Дар натиҷа чанд куштаву захмӣ ба ҷой мондааст, ки шуморашон ҳанӯз мушаххас нест.

Баъди ин ҳамла ва куштану пароканда кардани мардум, корвони низомӣ иборат аз 8 мошин ба самти Хоруғ ҳаракат кардааст.

Баъди ҳамла ба мардум ва куштаву захмӣ шудани афроди зиёд, Вазорати корҳои дохида аз шурӯъи “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Рӯшон хабар дод.

Дертар ВКД қатли мардуми осоишаро зимнан эътироф кард ва дар баёнияе аз “безарар гардонидани” 8 нафар “силоҳбадаст ва захмӣ шудани 11 нафару дастгирии 70 нафар дар паи ҳаводиси Рӯшон шуд. Дар ҳамин ҳол, манобеъ мустақил мегӯянд ҳамаи кушташудагон мардуми осоиштаанд, ҳеҷ силоҳе надоштанд ва шуморашон беш аз 20 нафаранд, ки байнашон занону кӯдакон низ зиёданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад