Қадрдонии Путин аз иштироки артиши мусулмонони Русия дар ҷанги Украина

Раисҷумҳури Русия аз шуҷоату фидокории сарбозони мусулмони Русия, ки дар амалиёти низомии вижа дар Украина иштирок карданд қадрдонӣ кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз (панҷшанбе) дар маросими табрик ба иштироккунандагон дар ҷашнҳои баргузор шуда дар Тотористон ба муносибати якҳазору садумин солгарди мусулмон шудани булғорҳои Волга аз шуҷоату фидокории сарбозони мусулмони русие, ки дар амалиёти низомии вижа дар Украина иштирок карданд тамҷид кард.

Бино бар гузориши шабакаи русии “Рошотудей”, раисҷумҳури Русия ба вижа хотирнишон кард, ки насли кунунии мусулмонон дар Русия ба суннатҳову одобу русуми аҷдоди худ эҳтиром мегузорад ва ба усули хизмати холисона ба меҳану ормонҳои меҳанпараст ва адолат пойбанд аст.

Путин дар суханоне, ки рӯзи панҷшанбе дар вебсайти Кремлин мунташир шуд, таъкид кард, ки “ҷангҷуёни мусулмон дар ҷараёни амалиёти низомии вижа дар Украин, устуворӣ, шуҷоат ва фидокорӣ аз худ нишон доданд.”

Владимир Путин дар таърихи 24 феврал  ба дархости кумаки Ҷумҳуриҳои Донбассу Донетск ва Луҳанск барои дифоъ дар муқобили ҳамалоти Украина, дастури оғози амалиёти низомии Русия дар Украинаро содир кард ва тасреҳ кард, ки ҳадаф аз ин амалиёт нозизудоӣ ва халъи силоҳи Украинааст ва танҳо зерсохтҳои низомии ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳаргиз алайҳи ғайринизомиёни украинӣ амалиёт анҷом намедиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад