Оғози амалиёти гӯё зидди террористӣ дар минтақаи Рӯшон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз оғози амалиёти зидди террористӣ дар минтақаи Рӯшон, воқеъ дар вилояти Бадахшон хабар дод.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз оғози амалиёти зидди террористӣ дар шарқи кишвар ва минтақаи Рӯшон, воқеъ дар вилояти Бадахшон хабар дод.

Дар ин баёния омадааст: “дар 17 майи соли 2022 аъзои як гурӯҳи ҷинояткори созмонёфта ба манзури бесубот кардани вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ, ба таври ғайриқонунӣ бузургроҳи байналмилалии “Душанбе-Кулма”-ро дар минтақа Рӯшон, мустақиман дар хатти марзи давлатӣ, масдуд карданд”.

Ҷинояткорон бо ҳимояти созмонҳои террористии байналмилалӣ аз хориҷи кишвар ба силоҳ ва муҳиммот даст ёфтанд ва ҳамчунин муздурони хориҷиро барои анҷоми иқдомоти террористӣ ва дигар навъҳои таҳрикот ҷалб карданд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин иқдомро алайҳи мабонии низом арзёбӣ карда ва навиштааст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта ба хостаҳои қонунии маъмурони неруи интизомӣ мабни бар таҳвили силоҳ ва муҳиммот амал накарданд ва муқовимати мусаллаҳона карданд.

Дар фаъолиятҳои гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта дар минтақаи Рӯшон, ки тавассути созмонҳои террористии байналмилалӣ эҷод ва таъмини молӣ шудааст, нишонаҳое аз ҷиноятҳо бо моҳияти террористӣ мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҷиҳат, ба манзури таъмини амнияти шаҳрвандон, назми умумӣ ва тараддуди бемумониати худравҳо дар масири бузургроҳи байналмилалии Душанбе –Кулма, дар бахше аз ҷодда дар минтақаи Рӯшон тавассути неруҳои интизомии кишвар амалиёти зидди террористӣ роҳандозӣ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад